Эҳёи ҷашни Тиргон ва моҳияти он

Хушбахтона дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҷашнҳои миллии тоҷикон, аз ҷумла ҷашни Тиргон бо ташаббус ва ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи тамоми суннату анъанаҳояшон эҳё гардиданд ва имрӯз сокинони кишвар бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандориву шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил менамоянд. Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои фаъолияташон бо вуҷуди ташвишҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ба фарҳанг, таърих ва эҳё намудани ҷашнҳои миллӣ ва тамаддунофарӣ аҳамияти махсус медоданд. Натиҷааш ҳамин шуд, ки ҷашнҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардида, яке аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии дунявии ин миллати куҳанбунёдро ташкил доданд.
Маҳз дар эҳё намудани тамаддуни миллати тоҷик ва фарҳангу ҷашнҳои миллӣ саҳми арзишмандатарин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди таърихии ба ҳисоб меравад. Эҳёгарӣ ва тамаддунофарии имконият дод, ки мақому манзалати миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб шавад ва ҷаҳони муосир миллати тоҷикро ҳамчун миллати таърихи бой дошта, дорои тамаддуни гаронбаҳо, фарҳангсолору башардӯст шиносанд ва эътироф намоянд.
Дар шароити кунунӣ ва ҷаҳонишавӣ, ҷашну маросимҳои фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Аз рӯзҳои аввале, ки башарият қадам ба арсаи ҳастӣ гузошт, амалҳоеро дар миёни худ ҷорӣ намуд, ки бо гузашти замон як ҷузъи муҳими фарҳанг қарор гирифт ва ба наслҳои баъдӣ низ мунтақил гардид.
Воқеан миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни ғанӣ мебошад ва дар батни ин фарҳанг бисёр расму русум, урфу анъана ва ҷашнҳои ҷолибе мавҷуд аст. Мақсаду мароми асосии анъана ва ҷашнҳои миллӣ ин аз худ дур кардани ғаму андӯҳ бештар машғули шодиву тараб, суруру шодмонӣ ва бегона будан бо ғаму андӯҳро талқин мекунад.
Мусаллам аст, ки аҷдодони мо бо заҳмату талоши пайвастаашон дар роҳи илму адаб тавонистаанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд
Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ, фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд. Тоҷикон аз зумраи он миллатҳои кӯҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашон – Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд ва тайи солиёни истиқлолият бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандорӣ, бо шукӯҳмандии тоҷикона ва шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил намоянд.
Мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои миллиамон, Тиргон қарор дорем. Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои гузаштагони бофарҳанги миллати тоҷик ба шумор меояд, ки дар рӯзи Тир аз моҳи Тир баргузор мешавад. Ҷашнгирии Тиргон инъикоскунандаи ҷамоварии ҳосил, обёрии зироатҳои кишоварзӣ, якдиливу дӯстӣ, меҳнат, иттиҳодию иттифоқӣ, шодию хурсандӣ ва серию пурӣ маҳсуб меёбад.
Тиргон – ҷашни тобистонаи мардуми эронитабор маҳсуб меёбад ва дорои ҳикмат ва суннатҳои хос аст. Мусаллам аст, ки ҳар як ҷашн дорои аносири хоси меҳварӣ аст ва мардум ҷашнҳоро аз рӯи фасли сол, махсусан аз табиаташон мешиносанд ва аз рӯи ин нишонаҳо таҷлил менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ҷашнҳои миллии мо хоси кишоварзон ҳастанд. Бинобар ин, бо номи ҷашнҳои кишоварзӣ низ ёд мешаванд. Бо ин назардошт, мардуми ориёитабор зимни ҷашни тиргон дар баробари иҷрои суннатҳои зикршуда, ба ситоиши гандум, ки бо ранҷ ва заҳматҳои фаровони деҳқон парвариш карда мешавад, таваҷҷуҳи хосса доштаанд ва чунон ки маълум аст, ҳосили фаровон аз мавҷудияти об ва бориши борон вобастагӣ дорад. Агар об фаровон набошад, бориши борон сурат нагирад, гандумзор аз таъсири гармӣ хазон мегардад, дар ин сурат ҳосил ба даст намеояд ва мардум ба хушксолӣ дучор мешаванд. Бинобар ин, кишоварзӣ шуғли бо баракату бошарофат аст. Зеро маҳз кишоварзон таъминкунандаи мардум бо эҳтиёҷоти ниёзи аввал маҳсуб ёфта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми чашмгир доранд.
Маврид ба қайд аст, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ давра ба давра рушд намуда истодааст. Такмилу татбиқи технология, истифодаи техникаҳои муосир ва усулҳои нави парвариши зироатҳои кишоварзӣ бо маром роҳандозӣ шуда, маданияти истифодабарии замин беҳтар гардида истодааст.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрии Ватани азизамон-Тоҷикистон кору пайкори ҳамаҷонибаро ба роҳ монда, бо ҷалби тамоми олимону масъулини соҳа, инчунин деҳқонону хоҷагидорон пайваста талош менамоянд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ҳарчи бештар афзоиш диҳанд ва дар худтаъминкунии аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ амалҳои назаррасро амалӣ намоянд.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Б. Р.