Тиргон – ёдгоре аз насли ориёӣ

21.06.2025 187
Дар 32 соли истиқлоли давлатиамон эҳё, омӯзиш ва тарғиби идҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлати фарҳангпарварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карор гирифт. Ёдоварию таҷлили ин идҳои гузаштагони номварамон на танҳо ба хотири пос доштани хотираи неки онҳост, балки иқдоми наҷибе дар ҷодаи муаррифӣ кардани дастовардҳои бузурги маънавии ниёгон ба мардуми олам аст. Ва яке аз ҷашнҳои ниёи бузургамон Тиргон мебошад.
Тиргон аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, дар асрҳои миёна яке аз идҳои маъмултарине будааст. Ин ҷашн дар рӯзи 13- уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меноманд, баргузор мегашт. Ҷашни Тиргон ба пос доштани об, ки яке аз аркони муқаддаси аҷдодӣ ва ойини обпошӣ аст, марбут мебошад. Дар мифологияи Эрони бостон Тир номи худои борон буд. Номи ӯ дар Авесто дар шакли “Тиштарйя”, дар паҳлавӣ “Тиштар” ва дар форсии навин “Тир” зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти Авесто, вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фароҳкард ва онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонидан иборат мебошад. Тиштар инчунин номи ситораи дурахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.
Дар Яшти ҳаштуми Авесто (“Тир-яшт”) Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти обро дораду нажодаш аз худои обҳо аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зарриншох дармеояд ва бо деви хушксолию беборонӣ, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввалӣ ғолиб меояд ва пеши дарёи Фароҳкардро мебандад, абрҳои бороноварро пора - пора мекунад, аммо дар набарди дувум Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он замон абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаю хуррам оғоз мегардад.
Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда мешавад, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хурд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораши Шевотир ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми неруи худ камонро кашида, тире ба сӯйи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба танаи як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи нишасти тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд. Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи “Обрезон” баргузор мешудааст. Дар замони подшоҳии Пирӯзи Сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода борон намеборад. Мардумону ҷонварон ва гиёҳҳо аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезон ном гузоранд ва он рӯзро ҳар сол ҷашн бигиранд.
Абӯсаиди Гардезӣ – муаллифи “Зайн-ул – ахбор” дар асараш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши Тиргон зикр намудааст. “ Ва андар рӯзи Тир порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳо ва оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанд ва бихӯранд”.
Дар ин ҷашн тоҷикони қадим даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва “Тиру Бод” меномиданд, баъди даҳ рӯз кушода, онро ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони тоҷик аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ойин бо каме тағйирот маъмул мебошад. Расму оинҳои зарфшиканӣ, шустушӯй, пухта хӯрдани гандуму мева низ дар маъхазҳои таърихӣ ишора шудаанд. Агар ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафтаанд, аммо баъзе пораҳои он дар боварҳо ва таъбиру ифодаҳо боқӣ мондаанд. Дар тасаввуроти мардумони баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо ба худои тандуру чароғак ва борон бо номи Қанбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи оммиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи худои ниёгон Тир мебошанд.
Убайдулло Раҳматов, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, дотсент