Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ (ба ҳолати 26.06.2025)

Гузориши матбуотӣ (ба ҳолати 26.06.2025)

30.06.2025 164

Инкишоф ва сабзиши пахта

         Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.06.2025 дар майдони 182466 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 177987 гектар пурра инкишоф ёфтааст. 

Рафти ҷамъоварии сабзавот

Дар асоси  маълумотҳои  фаврӣ  мувофиқи  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  дар  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати 26.06.2025 дар  масоҳати 42640 гектар кишт гузаронида шуда, аз он масоҳати 15791 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҳосили умумӣ 537795 тонна буда, ҳосилнокӣ 341 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз майдони ҷамъоваришуда - пиёз 282297 тонна,  карам 31608 тонна, помидор 49073  тонна, бодиринг 50596 тонна,  сабзӣ 63221 тонна.

Рафти ҷамъоварии картошка

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати 26.06.2025 дар майдони 36505 гектар кишти картошка гузаронида шуд.

Аз он майдони 6528 гектар ҷамъоварӣ шуд ки, ҳосили умумӣ 112482 ва ҳосилнокӣ 172,3 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили гандум

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 197825 гектар кишти гандум гузаронида шудааст.

Ба ҳолати 26.06.2025 майдони 110763 гектар даравида ва майдони 108949 гектар куфта шудааст. Ҳосили умумӣ 370797 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 34,0 сентнер буда, ҳамагӣ 1075 адад комбайнҳо дар майдонҳо дарав намуда истодаанд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 296968 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

Ба ҳолати 26.06.2025 майдони 131656 гектар даравида ва майдони 129374 гектар куфта шудааст. Ҳосили умумӣ 412450 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31,9 сентнер буда, ҳамагӣ 1075 адад комбайнҳо дар майдонҳо дарав намуда истодаанд.

Рафти ҷамъоварии полизӣ

Дар асоси  маълумотҳои  фаврӣ  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати 26.06.2025 дар  масоҳати 18390 гектар кишти полизӣ гузаронида шуда, аз он масоҳати 6393 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҳосили умумӣ 184437 тонна буда, ҳосилнокӣ 288,5 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии меваю ангур

Дар асоси  маълумотҳои  фаврӣ  оид ба рафти ҷамъоварии ангур дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии  вилоятҳо  ва  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ  ба  ҳолати 26.06.2025  79302 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст.

Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

            Дар асоси маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 186100 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад.

  Ба ҳолати 26.06.2024 дар майдони 78281 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз он ҳамагӣ 54129 гектар ғалладонагиҳо  аз ҷумла ҷуворимакка барои дон 27879 гектар, шолӣ 11520 гектар ва дигар ғалладонагиҳо 14730 гектарро ташкил медиҳад.

          Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 16.05.2025 дар ҷумҳурӣ 996 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст ва майдони умумии гармхонаҳо 178 гектар буда, дар майдони 138,0 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 65,2 гектар, бодиринг 36,9 гектар ва дигар сабзавотҳо 33,6 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 3606,5 тонна сабзавот, аз он помидор 1409,9 тонна, бодиринг 1080,0 тонна ва дигар сабзавотҳо 1116,6 тонна истеҳсол шудааст.  

 Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ оид ба фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоятҳо ва шахру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.06.2025 дар гармхонаҳои мавсимӣ ҳамагӣ дар майдони 2844 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 928 гектар, бодиринг 811 гектар ва дигар сабзавотҳо 1105 гектарро ташкил медиҳад.

Аз он ҳамагӣ 61685 тонна маҳсулот - аз ҷумла помидор 17726 тонна, бодиринг 19273 тонна ва дигар сабзавотҳо 24686  тонна истеҳсол шудааст.

Захираи хӯроки чорво

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣпарандапарварӣмоҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат оид ба захираи хӯроки чорво дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.06.2025 683932 тонна хӯроки дурушт ва 4620 тоннахӯроки ширадор захира карда шудааст.


Маркази матбуот ва иттилооти

 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Тел: 235 39 23