Занбуриасалпарварӣ
Баҳри амалӣ намудани замимаи 6 Барномаи зикргардида барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ тариқи Озмуни харид аз ҶДММ «Фарозар» 170 оилаи хурди занбӯри асал бо тамоми асбобу анҷомҳои зарурӣ харидорӣ гардида, ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ “Асали Тоҷикистон”-и вазорат дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари кори дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, оғози расмӣ бахшиданд. Маҳсулоти корхона асали ватанӣ буда, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона, марказҳои табобатӣ ва содирот низ нигаронида шудааст.
Баҳри амалишавии замимаи 7 Барнома дар асоси розигии Агентии хариди давлатии мол кор ва хизматрасониии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.03.2020, №1/5-141 бо истифодаи 208980 сомонӣ 270 гектар чарогоҳҳои зимистонаи ноҳияи Данғара бо усули сатҳӣ беҳтар гардонида шуданд.
Бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии ACTED бо мақсади ташкил намудани майдони озмоишии зироатҳои растаниҳои чарогоҳӣ аз Пажуишгоҳи илми тадқиқотии қароқулипарварӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон тухмии растаниҳои “Изен”, “Олабутта”, “Кейрук”-ро дастрас гардонида шуд. Миқдори зикргардидаи тухмӣ дар чарогоҳи мавзеи Хитой-и хоҷагии деҳқонии “Раҳматҷон Ота”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 1,5 га кишт гардида, атрофи он ба симтур иҳота карда шуд, ки ин барои дар оянда аз ин майдон ҷамъоварӣ намудани тухмиҳои растаниҳои чарогоҳӣ мусоидат менамояд.