Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Роҳбарият

18 июня 2018 г., понедельник

 ВАЗИР

 

КАРИМЗОДА САЪДӢ ҒАФОР

 Каримзода Саъдӣ Ғафор 12 августи соли 1969 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Ў соли 1986 таҳсилоти миёнаи №30-и шаҳри Душанберо бо муваффақият хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, сазовори номи донишҷў гаштааст. Аз соли 1988 то соли 1989 дар сафи қувваҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хизмат кардааст.

Бинобар сабаби майлу рағбати зиёд доштан ба касби хеш баъди хатми донишгоҳ соли 1992 таҳсилро ба шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1995 бо дастовардхои назаррас хатм намудааст. Пас аз хатми аспирантура то соли 1998 дар Институти физиологияи растаниҳо ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ фаъолият намуда, рисолаи номзадиашро дифо ва сазовори унвони номзади илмҳои биологӣ гаштааст.

Қобилияти ташкилотчигӣ ва забондонии ўро ба инобат гирифта, аз соли 1998 ҳамчун аграном дар намояндаи ташкилоти ғайридавлатии Олмони «Агроаксияи Олмон» то соли 2007 ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2007 то 2011 дар Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳо кор кардааст. Аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи апрели 2012 дар вазифаи мушовири байналмилалӣ «Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» фаъолият кардааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №431 аз 31 августи соли 2012 дар вазифаи Директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» то 27 январи соли 2020 фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди соҳа саҳм гузоштааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №54 аз 27 январи соли 2020 то 26 январи соли 2022 дар мансаби муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2022, №322 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23.07.2021 бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардидааст.

 

МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИР

МИРЗОЗОДА МУЗАФФАР БУРҲОН

Мирзозода Музаффар Бурҳон 2 сентябри соли 1970 дар ноҳияи Муъминобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Ў соли 1993 факултети зооинжинерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва соли 2014 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо муваффақият хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1987 ҳамчун коргари Хоҷагии давлатии «Аврора»-и н. Муъминобод оғоз намуда, бинобар шавқу рағбати зиёд ба ин соҳа доштан соли 1988 сазовори номи донишҷўи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур гашта, онро 1993 хатм намудааст.

Солҳои 1994-1998 ба ҳайси бригадири ферма ва зоотехники зотпарварии Хоҷагии давлатии «Аврора»-и н.Муъминобод, солҳои 1998-2003 Сарзоотехники Хоҷагии «Навбаҳор»-и н. Муъминобод, солҳои 2003-2007 Сардори Шўъбаи кори зотпарварии Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2015 Сардори Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 30.03.2015 то 16.05.2015 Сардори Раёсати корҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2020 Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02.2020 №93 то 26.01.2022 дар вазифаи муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2022 №5 ба вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23.07.2021 бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардидааст.

 

МУОВИНИ ВАЗИР

НИГИНА АНВАРӢ  

Нигина Анварӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллифи рисолаи илмӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкорӣ дар шароити тақвиятёбии равандҳои ҳамгироӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” с. 2006, монография ва 13 мақолаи илмӣ. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

1 январи соли 1977 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Солҳои 1994 – 1999 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ш. Душанбе.

Солҳои 1996–1997 мутахассиси дараҷаи 1-уми идораи таъминот ва истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагии Вазорати маҳсулоти ғалладонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1997–1999 мутахассиси дараҷаи 1-уми Идораи таъминот ва истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагии Ширкати давлатии холдингии «Ғалла».

Солҳои 1999 – 2001 муовини сардори Шуъбаи танзими хариди молҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2001 – 2002 муовини сардори Раёсати робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2002 – 2008 сармутахассиси Шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2008 – 2010 сармутахассиси Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2010 – 2013 муовини Мудири Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2013 – 2020  муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 14 феврали соли 2020  муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012) сарфароз гардонида шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №213 аз 23.07.2021 бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ гардидааст.

 

МУОВИНИ ВАЗИР

 

ЗЕВАРШОИ ЗЕВАРШО ТАЙҒУНШОЗОДА

 

Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода 10 сентябри соли 1961 дар деҳаи Сохчарви деҳаи Зевардашти ноҳияи Шуғнон ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби се фарзанд.

- соли 1979 мактаби миёнаи №7 деҳоти Сохчарви ноҳияи Шуғнонро хатм кардааст.

- соли 1980-1982 дар сафи Артиши Шуравӣ дар шаҳри Волгоград адои хидмат намудааст.

- соли 1982-1988 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси муҳандис – механики хоҷагии қишлоқ шудааст.

- соли 1988-1992 дар муассисаи Я/С 3/1 ШКД дар вазифаи муҳандиси назорати техникӣ лейтинанти калон кор кардааст.

- соли 1994-2010 дар Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи аввал,сардори шўъбаи боркашонӣ, сардори шуъбаи ҳамлу нақл, муовини сардори Департаменти нақлиёти автомобилӣ, муовини сардори нақлиёти руйзаминӣ фаъолият кардааст.

- соли 2010- 2013 сардори ҶДММ «АНБАТ- Сервис» фаъолият намудааст.

-соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз аз 18.04.2013, таҳти №177 муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

- соли 2019 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2019, таҳти №1336 ў бо медали «Хизмати шоиста» қадридони гардидааст.

 

 

 

 

 

 

 

Илова кунед: