Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Моҳипарварӣ

18 июня 2018 г., понедельник

 

Соҳаи моҳипарварӣ низ рушд ёфта марҳила ба марҳила шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, масоҳати ҳавзҳо ва истеҳсоли моҳӣ зиёд гардида истодааст. Дар ҳозира дар миқёси ҷумҳурӣ 352 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати 2713,4 га ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳо 52 адад зиёд гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо истифодаи маблағҳои Барномаи маҷмӯавӣ тавассути Озмуни харид аз ҶДММ “Корпоратсия Моҳии Тоҷик” 492,0 ҳазор дона моҳичаҳо харидорӣ гардид. Миқдори зикргардидаи моҳичаҳо дар асоси дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои моҳипарварӣ  ва соҳибкорони инфиродӣ бо мақсади афзун намудани истеҳсоли моҳӣ ба 57 адад хоҷагиҳо дастрас карда шуд.

 

Илова кунед: