Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкории байналмиллалӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи тиҷоратикунонӣ ва аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази идораи “Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо” Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” татбиқ гардида истодааст, ки татбиқи самаранокии лоиҳаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи тиҷоратикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 2170,41 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин дар навбати худ 91,58 фоиз фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкории истеҳсолкунандагони маҳсулоти занҷираи арзиши иловагӣ (вобаста ба маҳсулоти зардолу, себу нок, шир, лиму, помидор ва бодиринг) дар доираи татбиқи Лоиҳаи тиҷораткунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ омӯзишҳо дар мактабҳои саҳроӣ фермерӣ баргузор карда шуда истодааст, ки шумораи манфиатгирандагон дар маҷмӯъ 545 гурӯҳҳои фермериро (13591 манфиатгирандагон, аз ҷумла 6454 занон, 47,9% аз шумораи умумӣ) ташкил дода, омӯзишҳо дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа идома дода шудааст.

Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», ки мақсади асосии он мусоидат намудан ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи камбизоатӣ деҳот мебошад татбиқи он дар дар 161 деҳаҳои ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷайҳун, Дустӣ, Деваштич, Шаҳристон ва шаҳри Норак бо ҷалби 46982 хонавода амалӣ карда мешавад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 4545,53 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин дар навбати худ 118,2 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II», ки мақсади асосии  он мусоидат барои паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Фархор ва М.С.А. Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб бо беҳтар намудани ҳолати озуқаворӣ ва мусоидат дар афзун намудани даромади зиёда аз 38000 хонаводаҳои камбизоат, тавассути баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромаднокии чорводорӣ ва идоракунии самараноки чарогоҳҳо мебошад. 

Дар доираи татбиқи лоиҳа аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 6138,48 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин дар навбати худ 113,4 фоиз фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар самти ҷалби инвеститсияҳо ба соҳаи кишоварзӣ  2 маротиба машварати кории Вазири кишоварзӣ бо Шарикони рушд баргузор гардид, ки дар машварати кории мазкур роҳбарони аввали ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.  Инчунин мулоқотҳои роҳбарияти вазорат бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзӣ бо ҳайати  Бонки Осиёи Рушд ва Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Мулоқотҳои маҷозии вазири кишоварзӣ дар доираи ҷаласаи вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай 21.10.2020, ҷаласаи вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ 03.12.2020 ва ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии давлатҳои ИДМ 10.12.2020 баргузор гардид.

Дар ин раванд аз ҷониби масъулони вазорат ҷиҳати амалигардонии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд дар самти “Рушди   занҷираи арзиши иловагии маҳсулоти чорводорӣ”, бо Бонки Ҷаҳонӣ дар самти “Рушди иқтисодиёти деҳот” ва "Вокуниш ба таъсироти  COVID-19 ба некӯаҳволии мардуми деҳот тавассути равандҳои устувори инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ” гуфтушунидҳо баргузор намуданд. 

Дар давраи ҳисоботӣ байни вазирони кишоварзии Осиёи марказӣ, аз ҷумла давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон видео машварат оид ба таъсири пандемияи COVID-19 ба масъалаҳои ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ  бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишварҳои минтақа, доир гардид. Вазирон амалҳои заруриро барои рафъи оқибатҳои чунин вазъ баррасӣ карда, ташаббусҳои миллӣ ва чораҳоеро, ки барои бартараф кардани монеаҳо дар таъмини маҳсулоти озуқаворӣ ба миён омаданд, муҳокима карданд.

Дар ин давра Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ дар давраи паҳн гардидани пандемияи «COVID-19», марҳилаи дуюми лоиҳаи «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» ва Лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулодда таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷӯии  фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон» бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ба имзо расонида шуд.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик ҷиҳати тақвияти имкониятҳои содиротии меваю сабзавоти истеҳсоли ватанӣ, дар робита ба банди 8 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2020, Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидимиологӣ таъсис дода шуда, дар доираи фаъолияти Ситоди корӣ дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои масъул ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади ҷоннок намудани корҳо ҷиҳати дарёфти бозорҳои нав ва шарикони тиҷоратӣ оид ба мавзӯи «Содироти маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо соҳибкорони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркия ва Ӯзбекистон оид ба рушди ҳамкориҳо ба тариқи платформаи ZOOM ҷаласаи корӣ гузаронида шуд. 

Дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон 3 шартнома, аз ҷумла Шартнома оид ба ҳамкорӣ дар самти хариду фурӯши нахи пахта байни Ширкати тиҷоратии “Заррин” ва ҶДММ “Енгилсаноатсавдо” ба маблағи 20 млн доллари ИМА, Шартнома оид ба ҳамкорӣ дар самти хариду фурӯш тухми мурғ  байни ҶДММ “Баҳори Пурфайз” ва Х/Д “NAVOBOD NASLLI PARRANDA” ба маблағи 0,9 млн доллари ИМА ва Шартнома оид ба ҳамкорӣ дар самти хариду фурӯши нуриҳои минералӣ байни ҶДММ “Ширкати Кимёвӣ” ва С/И “QUVASOY FORTUNA” ба маблағи 4 млн доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд Портали электронии иттилоотӣ оид ба маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон “www.tajikproduce.com” бо таври пилотӣ ба кор дароварда шуд. 

Илова кунед: