Истифодабарии гармхонаҳо
Дар шароити Тоҷикистон барои парвариши кучати сабзавот парвардахонаҳоро истифода мебаранд.
Шакли парвардахонаҳо гуногун буда якнишеба, дунишеба, аз конструксияҳои метали ба таври гирд сохташуда, рӯизаминӣ ё хандакии ба тарзи биологӣ, техникӣ ва аз офтоб гармшаванда мешаванд.
Парвардахонаҳои гармшавиаш биологӣ аз рӯи таъиноташ ва мӯҳлати истифодабариаш ба гарм, нимгарм ва хунк ( бепору) ҷудо мешаванд.
Парвардахонаи гармро зимистон барои коштани тухмӣ ва парвариши кӯчатҳои помидор, карам, қаламфур ва боимҷон истифода мебранд.Ҷуқурии хандак 70-80 см. Дар он аз ҳисоби 200-300 кг пору ба 1 м² меандозанд.
Парвардахонаи нимгармро баҳорон барои коштани тухми ва парвариши кучати барвақти помидор истифода мебаранд. Чуқурии хандак 50-60 см. Ба хар 1 м² 150-200 кг пору меандозанд.
Парвардахонаи хунук ( бепору) барои парвариши помидори миёнапазак ва бевақти истифода карда мешавад. Чуқурии хандаки кӯчатпарварӣ 25-30 см.
Парвардахонаи офтоби ин парвардахонаҳое мебошанд, ки болояшон бо пленка пушонида мешавад. Ин парвардахонаҳо танҳо ба воситаи нурҳои офтоб гарм мешаванд. Нурҳои офтоб ба воситаи пленкаи полиэтилении шафоф гузашта даруни парвардахонаро гарм мекунанд ва пленка гармиро дар дохили парвардахона нигоҳ медорад.
Ҷадвали 1.Талаботҳои стандарти ба сифати тухмиҳои сабзавоти.
Зироат |
Тозагии навъаш на камтар аз % |
Тухми сабзавоти асоси % |
Қобилияти нешзанӣ % |
Намнокии тухмӣ % |
||
дараҷаи I | дараҷаи II | дараҷаи I | дараҷаи II | |||
Помидор |
97 |
98 |
96 |
95 |
65 |
11 |
Боимҷон |
92 |
98 |
95 |
75 |
60 |
11 |
Қалмфур |
96 |
98 |
95 |
80 |
60 |
11 |
Карам |
85 |
98 |
95 |
90 |
60 |
8 |
Пиёз |
85 |
99 |
95 |
80 |
50 |
11 |
Бодиринг |
90 |
99 |
96 |
90 |
70 |
10 |
Сабзи |
85 |
95 |
90 |
70 |
45 |
10 |
Лрблабу |
90 |
97 |
94 |
80 |
60 |
14 |
Шалғам |
90 |
98 |
95 |
95 |
80 |
9 |
Турб |
90 |
96 |
92 |
85 |
65 |
9 |
Шалғамча |
85 |
96 |
92 |
85 |
65 |
9 |
Ҷадвали 2. Шартҳои сабзиши тухмӣ
Зироат |
Вазни1000 дона тухмӣ (г) |
Муддате, ки тухми сабзишашро нигоҳ медорад. (сол) |
Ҳарорати камтарини сабзиши тухмӣ. (ºС) |
Чуқурии коштани тухмӣ. (см) |
Вақти пайдоиши нешзанӣ дар майдони кушод. (рӯз) |
Помидор |
2,8-3,3 |
4-5 |
10-12 |
2-3 |
5-8 |
Боимҷон |
3,5-4 |
5-6 |
14-16 |
1-2 |
10-14 |
Қалмфур |
4,5-6 |
4-5 |
15-17 |
2-3 |
14-16 |
Карам |
3,1-3,5 |
4-5 |
2-3 |
1,2 |
4-6 |
Пиёз |
2,8-3,7 |
2-3 |
4-5 |
2-3 |
15-16 |
Бодиринг |
15-35 |
5 |
14-16 |
2-4 |
5-8 |
Сабзи |
1-1,5 |
2-3 |
4-5 |
1-2 |
12-18 |
Лрблабу |
10-16 |
4-5 |
5-6 |
3-6 |
10-14 |
Шалғам |
1-1,7 |
4-5 |
2-3 |
1-2 |
4-6 |
Турб |
7-8 |
4-5 |
1-2 |
2-4 |
5-7 |
Шалғамча |
8-10 |
3-4 |
1-2 |
1-2 |
4-6 |
Гармкунии биологӣ ва тайёр кардани он.
Ба сифати гармкунаки биологӣ дар гармхонаҳо аз поруҳои гов асп, бузу гусфанд, ахлот, пасмондаҳои заводи пахтатозакуни( ғӯзапучоқ), ки бо сабаи фаъолияти ҳаётии бактерияҳо пусида, дар ҳадди аз 45 то 75º С гарми ҷудо мекунанд, истифода бурда мешаванд.
Поруро баҳор ё тирамоҳ дар назди гармхонаҳо ғарам карда мондан хуб аст. Бари ғарам 4 м, баландиаш 1,5 м, дарозиаш ихтиёри буда, поруро зич зер кардан лозим, то ки пеш аз муҳлати лозими натасфад.
10-15 руз пеш аз ба гармхона даровардани пору онро ҷойгардон ва таку рӯ карда, то 60-70 % намнок шудан об мепошанд. Баъди то 45 -50ºС тасфидани пору онро ба гармхона мекашонанд. Порурро ба ғафсии 50 – 60 см мерезанд ва зич мекунанд ва полои гармхонаро мепушонанд.
Чадвали 3. Муҳлати ба гармхонаҳо нуриандози, коштан ва меъёри коштани тухмӣ
Зироат |
Ҷои кучатпар варӣ |
Води Ҳисор ва вилояти Хуҷанд |
Вилояит Хатлон |
Меъёри коштани тухмӣ ба 1 м² (г) |
Меъёри коштани тухмӣ барои руёнидани кучат ба 1 га (г) |
|||
даровардани пору | кишти тухмӣ | даровардани пору | кишти тухмӣ | бо кучаткунӣ | бе кучаткунӣ | |||
Карми тирамоҳи |
парвардахона |
— |
10.окт20.окт |
— |
1-15.окт |
— |
3 |
400-500 |
Поми дори барвақти |
парвардахонаи гарм |
7-15 фев |
10-20.фев |
1-10.фев |
5-15.фев |
6-7 |
2-4 |
280-300 |
Поми дори миёна пазак |
парвардахонаи нимгарм |
15-20 фев |
25.фев-10 март |
15-28.фев |
20.фев-5 март |
6-7 |
2-4 |
280-300 |
Қалм фур |
парвардахонаи нимгарм |
3-15 фев |
10-25.фев
|
1-10.фев
|
5-20.фев
|
12-15 |
6-7 |
850-100 |
Боим ҷон |
парвардахонаи нимгарм |
3-15 фев |
10-25.фев
|
1-10.фев
|
5-20.фев
|
12-15 |
6-7 |
850-100 |
Боди ринг дар тубак |
парвардахонаи нимгарм |
16-20. март |
20-25 март |
1-15. март |
15-20 март |
— |
6-9 |
650 |
Баъди 4-5 рӯз, вақте, ки поруи ба парвардахона даровардашуда метасфад, аз болои он ба қабати 15-20 см хоки парвардахонагӣ мерезанд. Онро аз ду қисм омехтаи пусидаҳои парвардахонагӣ, ду қисм хок ва як қисм реги майда тайёр мекунанд. Ин омехтаро аз ғирболи сурохиҳояш 25-30 мм гузаронда, баъди 2-3 рӯз, вақте, ки омехтаи хок метасфад, онро бо хаскашак нағз ҳамвор мекунанд ва ҳангоми ҳарорати қабати рӯи хок ба 18-20ºС расидан тухмиро мекоранд. Тухми бояд дар чуқурии 1-1,5 см таги хок карда шавад. Баъди коштан об пошида, баъд парвардахонаро бо пленка мепушонад, то ки ҳарорат баланд шавад. Баробари пайдо шудани нешзадаҳо як тарафи пленкаи парвардахонаро кушода харорати даруни парвардахонаро паст мефароранд. Пас аз 6 – 8 рӯзи пайдо шудани ниҳолҳо дар парвардахона ҳароратро баланд мебардоранд, ки ин барои сабзиши ниҳолҳо зарур аст.
Кучатро одатан бо пикировка ва бе пикировка парвариш мекунанд. Ҳангоми кучаткуни кучатро аз парвардахонаи гарм ба парвардахонаи нимгарм ё хунук мегузаронанд ва дар вақти дар ниҳолчаҳо пайдо шудани 1-2 барги ҳақиқӣ онҳоро ба хоки парвардахона якто якто ва тубакдорҳоро бошад бо тубакаш ба чуқурчаҳо мешинонанд.
Дарин ҳол кучатҳоро ба чуқурчаҳо то бехи тухумпала ва решаҳоро қад накарда мешинонанд, чуқрчаро бо омехтаи ғизоӣ ва пусида пур мекунанд. Хоки атрофии решаро зич менамоянд. Кӯчатҳои карам ва қаламфурро аз рӯи нақшаи 4Х4, 5Х5 см, боимҷонро 5Х5 см, помидорро 6Х6, 7Х7 см мешинонанд.
Ҷадвали 4. Майдони ғизогирӣ, неш задании кӯчат ва нақшаи шинондани кӯчатҳо
Зироат | Усули парвариш |
Шумораи баргҳо пеш аз гирифтан аз парвадахона |
Синни кӯчат (рӯз) |
Майдони ғизогирии кӯчат (см) |
Аз як м² кӯчат гирифта мешавад (дона) |
Ба як га кӯчат талаб карда мешавад (ҳазор дона) |
Карами барвақтӣ |
дар тубакҳо |
5-6 |
45-55 |
5Х5 |
400 |
48 |
Карами миёнапазак |
бе пикировка |
5-6 |
45-55 |
4Х3 |
833 |
48 |
Карами миёнапазак |
бо пикировка |
5-6 |
45-55 |
5Х4 |
500 |
48 |
Карами дерпазак |
бе пикировка |
4-5 |
35-40 |
5Х5 |
400 |
28 |
Помидори барвақтӣ |
бе пикировка |
4-5 |
35-40 |
5Х5 |
400 |
24 |
Помидори барвақтӣ |
дар тубакҳо |
6-7 |
50-60 |
6Х6 |
277 |
48 |
Помидори миёнапазак |
бе пикировка |
6-7 |
50-60 |
5Х3 |
666 |
48 |
Помидори миёнапазак |
бе пикировка |
6-7 |
50-60 |
6Х5 |
333 |
48 |
Помидори дерпазак |
бо пикировка |
5-6 |
45-50 |
5Х5 |
400 |
38 |
Қалмфур |
бе пикировка |
5-6 |
50-60 |
5Х4 |
500 |
40 |
Боимҷон |
бо пикировка |
5-6 |
50-60 |
5Х5 |
400 |
40 |
Бодиринг |
дар тубакҳо |
2-3 |
25-30 |
7Х7 |
204 |
45 |
Баъди шинондан ба парвардахона фаровон об дода, бо пленка маҳкам мепушонанд. Ҳангоми парвариши ниҳолчаҳои ҳам кучат намегардагӣ ва ҳам кӯчатҳои тубакдор баъди пайдо шудани ду барги ҳақиқӣ то сатҳи тухмпалаҳо ба атрофии кӯчатҳо хоки ғизодор мерезанд. Ин барои инкишоф ёфтани решаҳои иловагӣ шароит фароҳам меорад, пояи кӯчатро аз хамшавӣ эмин медорад. Нигохубини минбаъда ба кучатҳо баъди кучаткунӣ аз шамолдиҳии парвардахонаҳо, обмонӣ, хишова ва додани ғизои иловагӣ иборат аст.
Агар ҳавои парвардахона сари вақт иваз карда нашавад нами ҳавои он зиёд мешавад, ки ин боиси касалии қарасони кучатҳо мегардад. Дар давраи нашъунамои кучатҳо 2-3 маротиба ғизои иловагии нуриҳои минералӣ дода мешавад. Ғизои иловагии якум баъди 8-10 рӯзи кучаткуни, зимник учат накарда парваридан дар давраи дубарга шудан, ғизои иловагии минбаъда, агар зарур шавад, баъди ҳар 8-12 рӯз дода мешавад. Дар вақти ҳар як ғизодиҳӣ ба карам ва бодиринг аз ҳисоби 15-20 г ба 1 сатил об селитраи аммиак ва 20-30 г суперфосфат, ба помидор, қаламфур ва боимҷон мувофиқан 10-15 г селитраи аммиак ва 30-40 г суперфосфат дода мешавад.