Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маълумот оиди навъи пиёзи «Берекет»

18 июня 2018 г., понедельник

Мӯҳлати кишт: Баҳорӣ (Январ-Апрел)

Ҳосилғундорӣ: Дерпазак (Август/Cентябр)

Нигоҳдорӣ: 6-8 моҳ

Давраи нашъунамо : 120 -130 рӯз

Тамъ: Тез

Намуд, ранг ва дигар хусусиятҳои асосии навъ:

Навъи мазкур навъи баландҳосил ба ҳисоб рафта, ба тағйиротҳои иқлими гуногун хеле устувор ба ҳисоб меравад. Ин навъи дарозрӯз буда, барои минтақаи мо бисёр мувофиқ аст.

Шакл.  Навъи “Берекет” куррашакл буда, пӯсти он аз 4-5 қабат иборат аст.

Ранг. Ранги ин навъи пиёз сурхи баланди ҷигарӣ буда, қабати даруниаш сафед мебошад. Ин навъ ба ҳарорати баланд ва касалиҳои ҳархелаи пиёз табовар мебошад. Қобилияти ҳосилнокии ин навъи пиёз дар ҳолати нигоҳубини хуб аз як гектар то ба 80-100 тон мерасад.

Реша. Сохтори решаш бақувват буда, ба шароити иқлими хушк табовар аст, аммо дар ҳолати таъмини саривақтии зироат бо об, ҳосилнокии он метавонад баланд шавад.

Илова кунед: