Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” дар шаҳри Ваҳдат

19.11.2022

           Санаи 19 ноябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъмини иҷрои дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

          Дар фестивали мазкур Филиали муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Зотпарвар”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҲҶТ, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ширкат варзиданд.

          Дар фестивал муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки  соҳаи чорводориро яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ буда,  дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир ва соҳаи саноат бо ашёи хом мавқеи намоён дорад. Хусусан дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди имрӯзаи соҳа мусоидат кардааст.

         Мавриди зикр аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 507 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 301 ҳазор модагов, 6 миллиону 262 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 227,3 ҳазор тонна гӯшт ва 759,8 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.

         Тибқи таҳлилҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 102 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 50,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 258,3 ҳазор сар, асп 1060 сар, истеҳсоли гӯшт 12,0 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.

         Дар фарҷом аз ҷониби муовини якуми Вазири кишоварзӣ Мирзозода М.Б. як қатор шахсоне, ки дар рушди соҳа саҳм доранд дар чорабинии “Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ” бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед: