ФЕСТИВАЛ –НАМОИШ, ФУРӮШИ АСАЛ, ОЗМУНИ АНГУР ВА ДИГАР АНВОИ МЕВАҶОТ
Бо мақсади таъмини иҷрои бо самари Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 03.10.2020 “Фестивал – намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот”-ро дар бозори “Меҳргон” – и шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши асал, ангур ва дигар анвои меваҷот, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони мамлакат баргузор намуд.
Дар фестивал - намоиш муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва дигар намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими “Фестивал – намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот”-ро ифтитоҳ намуда, сипас сухани табрикотиро ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмамаҳмадзода Д. дар ихтиёр гузоштанд. Муовини Сарвазири мамлакат кишоварзонро ба муносибати ҷашн табрик намуда аз дастовардҳои соҳа ибрози назар намуданд. Дар индомаи ҷашн барои иштироки фаъолона дар “Фестивал – намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот -2020” ва бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якқатор кишоварзони ҷумҳурӣ аз рӯи наминатсияҳо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои пулиб молӣ тақдим карда шуд.
Ғолибон аз рӯи наминатсияҳо
Дар наминатсияи “Парвариши миқдори зиёди оилаи занбӯри асал ва маҳсулнокии баланд” занбӯрпарварони инфиродӣ аз ноҳияи Данғара Саидмансур Саломов (Дипломи дараҷаи як), Муҳаммадҷон Мақсудов аз н.Бобоҷон Ғ. (Дипломи дараҷаи дуюм), Маҳмадалӣ Шералиев аз н.Рӯдакӣ (Дипломи дараҷаи сеюм) сарфароз гардиданд.
Дар наминатсияи “Технологияи парвариш ва зиёд намудани зоти занбӯри асали карпати ва истеҳсоли модарзанбӯр” занбӯрпарварони инфиродӣ аз ноҳияи Ҷ. Расулов Равшан Азизов (Дипломи дараҷаи якум), Ёров Давлат аз н. Сангвор (Дипломи дараҷаи дуюм) ва Хоҷагии деҳқонии Самадхон аз н. Муъминобод (Дипломи дараҷаи сеюм) сарфароз гардиданд.
Дар наминатсияи “Истеҳсоли ҳамагуна маҳсулоҳои занбӯри асал” занбӯрпарварони инфиродӣ аз ноҳияи Рашт Салоҳиддинов Илҳом (Тӯҳфа), Шароф Насриддинов аз н. Ёвон (Тӯҳфа), Ғуфронхоҷа Ҳакимом аз ш. Хуҷанд сарфароз гардиданд.
Рӯйхати бахшҳои “ Ангурорӣ” ва “Боғдорӣ"
Бо фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.10.2020, № 124 барои иштироки фаъолона дар бахшҳои гуногун дар “Фестивал – намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот” бахшида ба 29 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд:
Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷи Неъмат” – и шаҳри Турсунзода (Дипломи дараҷаи якум);
Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” – и н. Восеъи в.Хатлон (Дипломи дараҷаи дуюм);
Хоҷагии деҳқонии “Саидо” – и шаҳри Истаравшани в. Суғд (Дипломи дараҷаи сеюм);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Конибодоми в.Суғд (Дипломи дараҷаи якум);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Шаҳринав (Дипломи дараҷаи дуюм);
Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” – и шаҳри Турсунзода (Дипломи дараҷаи якум);
Хоҷагии деҳқонии “Заурбек” – и н. Ҷ. Расулови в. Суғд (Дипломи дараҷаи дуюм);
Хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадӣ” – и н. Носири Хусрави в.Хатлон (Дипломи дараҷаи сеюм);
Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода (Сипоснома);
Хоҷагии деҳқонии “Сомонҷон” – и н. Данғараи в.Хатлон (Дипломи дараҷаи якум);
Кооперативи истеҳсолии “Меҳргон”-и шаҳри Ваҳдат (Дипломи дараҷаи дуюм);
Хоҷагии деҳқонии “Чаноро” – и н. Файзобод (Дипломи дараҷаи сеюм);
Хоҷагии деҳқонии “Саидо” – и н. Ҷайҳуни в.Хатлон (Дипломи дараҷаи якум);
Хоҷагии деҳқонии “Ҷомӣ” – и н. Сангвор (Дипломи дараҷаи дуюм);
Хоҷагии деҳқонии “Толибҷон” – и н. Шаҳристон в. Суғд (Дипломи дараҷаи сеюм);Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ(Дипломи дараҷаи якум);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт (Дипломи дараҷаи дуюм);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод (Дипломи дараҷаи сеюм);
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (Сипоснома);
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (Сипоснома);
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” (Сипоснома);
Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ (Сипоснома);Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёни в. Хатлон (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомии в. Хатлон (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони в. Хатлон (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш.Шоҳини в. Хатлон (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи в. Суғд (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакенти в. Суғд (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашти в. Суғд (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи нави в. Суғд (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб (Сипоснома);
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (Сипоснома);
Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” –и в. Суғд (Сипоснома);
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангур ва дигар меваҷот то 30 сентябр 179 066 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1963 тонна зиёд мебошад.
Имрӯзҳо ҷамъоварии ангур бо маром идома дошта, кишоварзони мамлакат то кунун 45 912 тонна аз ин меваи шаҳдбор ҷамъоварӣ намудаанд, ки 9923 тоннаи он ба вилояти Суғд, 21411 тонна ба вилояти Хатлон ва 14578 тонна ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Дар фестивал – намоиши мазкур беш аз 15 намуди ангур бо рангу мазза ва шакл ба намоиш гузошта шуда, як хушаи баъзе ангурњо 6 килограмро ташкил медињад.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 30 сентябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232 146 оилаи занбӯри асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки ангур яке аз неъматҳои бебаҳои табиат ва аз замонҳои қадим меваи маъмул дар сарзамини мост. Тоҷикистонро беасос сарзамини биҳиштӣ наменоманд, донишмандон мегӯянд дар диёри мо беш аз 200 навъи ангур маълум аст.Бинобар тавсияи табибон, дар таркиби ангур қанд, туршӣ, витаминҳои а, с, в, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, манган мавҷуданд. Бино ба ақидаи табибон, афшураи ангур мубодилаи моддаҳоро дар организм беҳтар ва гемоглобини хунро зиёд карда, ба системаи асаб ва мушакҳо тақвият мебахшад. 1 литр афшураи ангур ба организми одам аз 700 то 1000 калория гармӣ медиҳад.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тамос: 235 38 63