Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 13.12.2018, №АП-1140 ва фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2020, №156 дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Ваҳдат санаи 29 ноябри соли 2020 Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор карда шуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини Вазири кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон, муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Давлат Холиқзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ Маҳмадулло ва дигар намояндагони шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои чорводорӣ, аз ҷумла зотпарварӣ ва шахсони алоҳидае, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд ширкат варзиданд.
Дар ин Фестивал – намоиш аз ҷониби хоҷагиҳои чорводорӣ ва шахсони алоҳида чорвои калони ҷинси тоҷики сиёҳало, зотҳои швитсузебумонанд, гусфандони зотҳои тоҷикӣ, ҳисорӣ, маҳинпашми дарвозӣ, аспҳои зоти тоҷикӣ, парандаҳои самти гӯштию тухмдеҳ, кабк, бедона ва моҳӣ пешкаш карда шуд.
Зимни баромади Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. вазъи кунунии соҳаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ таҳлил гардида, таъкид шуд, ки дар самти парвариши чорвои зотӣ, ки ба он дар хориҷи кишвар талаботи зиёд аст, корҳои самарабаш ҷиҳати афзун намудани теъдоти чорвои зотӣ дастурҳои мушаххас вазифагузорӣ карда шуд.
Дар раванди баргузории фестивал-намоиш аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти чорводорӣ ба ҳозирин тавсияҳо оиди парвариши чорвои зотӣ дар давраи зимистонгузаронӣ дода шуд.
Дар ҷамъбасти чорабиниҳо иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумуҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешкаш намудани дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, муаррифии чорвои зотӣ, дар оянда ҷалби бештари аҳолӣ бо парвариши чорвои зотӣ, афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, заминаи мусоид фароҳам месозад.
Рӯйхати хоҷагиҳое, ки багирифтани ифтихорномаҳо-сипоснома ва туҳфаҳои пулию молии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
сарфароз гардонида шудаанд.
1. Хоҷагии чорвопарварии «Сим-Сим»-и ноҳияи Рӯдакӣ.
2. Хоҷагии деҳқонии «Комёр»-и шаҳри Ваҳдат.
3. Муассисаи давлатии минтақавии ҳайвоноти зотии н. Хуросон оид ба парвариши зотӣгусфандони тоҷикӣ.
4. ҶДММ «Ширӣ Нуробод»-и н. Рӯдакӣ.
5. Кооперативи истеҳсолии ба номи «Л. Муродов»-и ш. Ҳисор.
6. Муассисаи давлатии минтақавии ҳайвоноти зотии н. Шаҳринав оид ба парвариши зоти гусфанди ҳисорӣ.
7.ҶДММ «Бобои Шарифбек»-и ноҳияи Рӯдакӣ.
8. Хоҷагии деҳқонии «Нуралӣ»-и ш. Ваҳдат.
9. Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣва чарогоҳи
10. Хоҷагии ёрирасонӣ «Зотпарвар»-и АТАМ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Њисор
11.ЉДММ «Фаровон»-и ш. Вањдат.
12. Ҳоҷагии деҳқонии фермерии чорводории «Авазбек»-и ш. Турсунзода.
13. Хоҷагии «Дошмандӣ»-и н. Файзобод.
14. Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Мирзокар им»-и шаҳри Ҳисор
15. Шуъбаи кишоварзии н. Рашт.
16. Шуъбаи кишоварзии н. Сангвор.