Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Иди «Меҳргон» ва “Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ” таҷлил гардид

18.10.2020
      Санаи 18.10.2020 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди «Меҳргон» ва “Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ” баргузор гардид.
 
Ҳама меҳри замин дар Меҳргон аст,
Ҳама сеҳри нишин дар Меҳргон аст.
Иди ғундошти ҳосил аз заминҳо,
Иди неъмат ба хони бандагон аст.
 
 
      Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардида, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти № 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Таҷлили расмии иди «Кишоварзон» дар кишварамон далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда, эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
      Аз ин лиҳоз бахшида ба Рӯзи кишоварзон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
 
      Дар Иди «Меҳргон» ва “Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ” муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
      Дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинони шаҳри Душанбе дар барномаи пуршукӯҳи имрӯза ба боғ гурӯҳ-гурӯҳ ворид шуда, аз тамошои барномаи фарҳангӣ лаззат мебурданд.
      Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода иштирокдорони намоишро ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон аз рӯйи 22 номинатсия масъулони вазорату идораҳоро бо диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонид.
 
Рӯйхати кормандони беҳтарини соҳаҳои кишоварзӣ дар соли 2020 дар асоси хулосаи Кумитаи тадорукоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳод барои мукофотонидан бахшида ба Иди «Меҳргон» ва «Фестивали шолӣ ва биринҷ»
 
 
ХОҶАГИДОРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи «Алишер И-Д», ноҳияи Рӯдакӣ, ДАВЛАТОВ ИБОДУЛЛО, пахтапарвар, сабзавотпарвар, полизикор ва картошкапарвар, майдони умуми 68 га, ҳосилнокии ғалла 53 с/га, сабзавот 350 с/га, сабзӣ 210 с/га ва пахта то охири сол ба 35 с/га расонида мешавад
 
ПАХТАКОРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари Кооперативи тиҷоратии “Амакҷон”-и ноҳияи Масчоҳи вилояти Суѓд, ЗИЁВАДИНОВ ЗИЁВАДИН ШАРИПОВИЧ, майдони пахта 13 га, истеҳсол 71,5 тонна, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 55 сентнериро ташкил медиҳад
 
ҒАЛЛАКОРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данѓара Вилояти Хатлон, ҲАБИБОВ АМОНУЛЛО, майдони умуми 1000 га ѓалладона, истеҳсол 4100 тонна, ҳосилнокии миёна 41 с/га
 
САБЗАВОТПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари Кооперативи истеҳсолии ба номи «Ленин»-и шаҳри Ваҳдат, РАҶАБОВ САИД, майдони сабзавот 30 га, истеҳсол 1140 тонна, ҳосилнокӣ аз як гектар 380 с/га
 
КАРТОШКАПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии «Шоназар»-и ноҳияи Лахш, АТАҶОНОВ ШОҲНАЗАР майдони умуми 6 га, аз он картошка 3,5 га, истеҳсол 126 тонна, ҳосилнокӣ 360 с/га.
 
БОҒПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари ҶДММ «Кишоварз»-и ноҳияи Шаҳринав, ОЧИЛДИЕВ СОҲИБҶОН, майдони умумӣ 21 га, аз он боғ 16 га, истеҳсол 112 тонна, ҳосилнокӣ 70 с/га
 
ШОЛИПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи «Бобои Саид»-и шаҳри Турсунзода, САИДОВ МУҚИМ майдони умуми 11 га, истеҳсол 121 тонна, ҳосилнокӣ 110 с/га
 
ШОЛИПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Умед-2018», ХУДОЙБЕРДИЕВА ГУЛОИМ, ноҳияи Дустии вилояти Хатлон, майдони умуми 16 га, истеҳсол 112 тонна, ҳосилнокии миёна 70 с/га.
 
ШОЛИПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари Кооперативи тиҷорати «Ризо-2010»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, АБДУҶАБОРОВ ФУРҚАТ АБДУМАЛИКОВИЧ, майдони кишти шолӣ 141 га, истеҳсол 1015 тонна, ҳосилнокӣ 72 с/га, ҳамзамон барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 300 га замин ва ташкили беш аз 50 ҷойи корӣ
 
ЧОРВОДОРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ХОЛОВ ИНОЯТ АБДУРАҲИМОВИЧ, саршумори чорвои зотӣ 592 сар, аз он модагов 430 сар, истеҳсоли шир дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1667 тонна, ширҷуши аз як сар 6200 кг, гӯсолагирӣ 360 сар ва аз 100 сар модагов 85 сариро ташкил медиҳад.
 
ҚУТОСПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари хоҷагии деҳқонии қутоспарварии «Ѓулом»-и ноҳияи Роштқалъаи ВКМБ, БУЛБУЛОВ ҒУЛОМ АЁМБЕКОВИЧ, саршумори қутос 60 сар, аз ҷумла модақутос 28 сар, гусолагирӣ 22 сар ва аз 100 сар 73 сариро ташкил медиҳад.
 
ПАРАНДАПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари корхонаи парандапарварии «Ихлос»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ДАВРОНОВ ХАЙРУЛЛО ЭРГАШЕВИЧ, саршумори парандаи тухмдеҳ ва гӯшти 108 ҳазор сар, дар 9 моҳ 9 млн 762 ҳазор дона тухм ва 598 тонна гушти паранда
 
ЗАНБӮРПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Занбурпарвари инфиродии ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ПУЛОТОВ НАБӢ ВОСИТОВИЧ, 960 оила, истеҳсол 23,2 тонна асал, аз ҳар як оила 24 кг, собиқаи корӣ 32 сол
 
МОҲИПАРВАРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари ҶДММ «Меҳвари Душанбе»-и ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон, ҒАНИЕВ КОМИЛҶОН, истеҳсоли моҳии моли дар 9 моҳ 50 тонна, то охири сол 400 тонна, парвариши моҳи 740 ҳазор моҳича
 
МЕХАНИЗАТОРИ БЕҲТАРИН
Роҳбари Маркази хизматрасонии техникии КВДҶ «Тоҷикагролизинг»-и ноҳияи Рӯдакӣ
АЛИЕВ ЭМОМ барои дастовардҳои самарабахш дар механиконии соҳаҳои кишоварзӣ
 
ОЛИМИ БЕҲТАРИН
Директори иниститути зироаткории АИКТ САИДЗОДА РАҲМОН барои дастовардҳои самарабахш дар рушди илми кишоварзӣ
 
ОМӮЗГОРИ БЕҲТАРИН
Декани факултети агробизнеси ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ШАРИПОВ ХУРШЕД БУРИЕВИЧ барои дастовардҳои самарабахш дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя ва рушди истеҳсолоти кишоварзӣ
 
ИНЪИКОСГАРИ БЕҲТАРИН
Рӯзноманигори Телевизиони Тоҷикистон ГУЛЧЕҲРА САТТОРӢ барои саҳми арзанда дар инъикос ва тарғиби дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ
 
ИФТИХОРНОМА
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲҶТ
САИД НУРИДДИН САИД
 
ИФТИХОРНОМА
Раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҲҶТ ХОЛМУРОДИ РАҲМОН
 
ИФТИХОРНОМА
Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг»
АКРАМЗОДА ЮСУФ АКРАМ
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардид.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВИЛОЯТИ ХАТЛОН барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВИЛОЯТИ СУЃД барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ДАНЃАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН барои иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 23 сентнер бахшида Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ҶАЙҲУНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН барои истеҳсоли зиёда аз 100 ҳазор тонна пиёз ва ҳосилноки аз ҳар як гектар 350 сентнер бахшида Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ВАХШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН барои баланди истеҳсоли зироатҳои сабзавотӣ ва полизӣ бахшида Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии НОҲИЯИ Б.ЃАФУРОВИ ВИЛОЯТИ СУЃД барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
ИФТИХОРНОМА
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар Иди «Меҳргон» ва «Фестивал намоиши шолӣ ва биринҷ» сарфароз гардонида шуд.
 
      Ёдовар мешавем, ки ҷашни суннатии аҷдодиамон Меҳргон дар гузашта ва имрӯз низ ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил мешавад. Чӣ тавре, ки меҳргоншиносон таъкид кардаанд, маҳз дар айёми пухтупаз ва ҷамъоварии меваҳову ҳосилоти полизӣ ниёгони мо аз ин ҷашн пазироӣ мекарданд ва баракати маҳсулоти меҳнаташонро таманно доштанд. Баргузории ин ид дар тирамоҳ ин аст, ки дар ин фасл ҳамаи дарахтону гиёҳон ҷомаи заррин ба бар мекунанд, ки гӯё аз фурӯѓи Меҳр ҳама ҷо тиллоӣ мегардад.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Тамос: 2353863

Илова кунед: