Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни сада баргузор гардид

02.02.2021

Cанаи 31.01.2021 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе "Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.

Возможно, это изображение (2 человека, люди стоят и на открытом воздухе)

Ҷашни Сада дар баробари Наврӯзу Меҳргон маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватан ва зери сиёсати устуворонаи фарҳангии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба санадҳои таърихӣ эҳё гардидааст ва мардуми шарафманди тоҷик бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ин санаро бо ифтихор таҷлил менамоянд.

Дар ин рӯз, кишоварзон аз тамоми ҷумҳурӣ маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят, люди играют на музыкальных инструментах и на открытом воздухе)
 
Олимони соҳаи кишоварзии мамлакат аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амния­ти озуқавории мамлакат ба кишоварзон тавсияномаҳо пешниҳод намуданд. Дар ин рӯз аз ҷониби олимони кишоварзӣ 5 навъи зироати кишоварзӣ, 2 навъи пахта, 1 навъи гандум, 2 ­навъи ҷуворимаккаи офаридаи олимони Академия, ки минтақабоб шудаанд, пешниҳод гардиданд.

Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и на открытом воздухе)
Дар ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ризоӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданда, дар ҷамъбасти чорабинӣ ба иштирокдорони фаъолӣ ҷашни Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи наминатсияҳо дипломҳои дараҷаи I, II, III-юм, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят и на открытом воздухе)
Возможно, это изображение (4 человека, люди стоят и на открытом воздухе)
Возможно, это изображение (еда)
Возможно, это изображение (2 человека, люди гуляют, люди стоят и на открытом воздухе)
Возможно, это изображение (еда)
Возможно, это изображение (1 человек, огонь и на открытом воздухе)Возможно, это изображение (на открытом воздухе, дерево и текст «сада пайгом Ba ёдгор аз ориён ебикрепсон»)
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: