ТАЪСИСИ ГУРӮҲҲОИ КОРӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ COVID-19 ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

Таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло дар Вазорати кишоварзӣ гурӯҳҳои корӣ оид ба анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус Covid – 19 таъсис дода шуд. Гурӯҳҳои корӣ бо усули “Хона ба хона” дар минтақаи №116-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ намуданд.
Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои зертобеъ иборат буда, дар маҳаллаҳои аҳолинишини кўчаҳои «Зарафшон», «Испечак-2», «Бобо Ҳамдам» ва «Н.Махсум», бо аҳолии минтақаи мазкур аз 2 то 6 майи соли ҷорӣ гардиши хонаҳои истиқоматиро ба роҳ монданд.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, усулҳои пешгирии бемории коронавирус, таъмин намудани маводҳои таблиғотӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз 6698 хонаҳои истиқоматӣ ба 4256 манзил, ки аъзои оилаи онҳо 19067 нафарро ташкил медиҳад, вохӯриҳо гузаронида шудаанд.
Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ муайян гардид, ки истиқоматкунандагони 2442 ҳуҷра бо сабабҳои ба деҳа рафтан, ё ин ки донишҷуёни иҷоранишин будан ва айни замон дар таътил қарор доранд, инчунин дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани шаҳрвандон ва гузаронидани таъмири ҳуҷраҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта нашуданд.
Аз ҷониби гурўҳи корӣ такроран ба хонаҳои истиқоматие, ки дарҳояшон баста буданд гардиш анҷом дода, ба 162 хона, ки аъзои оилаи онҳо 513 нафарро ташкил медиҳад, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, огоҳинома тақсим карда шуд.