Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тантанаи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон

19.10.2019

Миллати таҷик соҳиби ойину сунатҳои бостонӣ ва фарҳанги
қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврўз,
Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу
маънавиёти созанда хизмат кардааст

Эмомалӣ  Раҳмон

Тантанаи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон

Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи кишоварзон буда, ҳамасола дар фасли тирамоҳи заррин дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон он бо як шукўҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат санаи 19-уми октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон» бо иштироки Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, роҳбарони мақомотҳои дахлдор, шоирон аз иттифоқи нависандагон, собиқ вазирон, як қатор меҳмонон аз хориҷи кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҷашни Меҳргон ва рўзи кишоварзон бо тантана ва хотирмон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ меҳмононро бо нону намак пешвоз гирифта, онҳоро ба ин гўшаи зебоманзари шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.

Ҷашнвораи мазкур, ки аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишон, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медод, иштирокчиёнро рўҳбаланд намуда, бо табъи болида ин ҷашнро истиқбол мегирифтанд.

Сараввал меҳмонону иштирокчиёни ҷамъомад аз намоиши ярмарка - фурўши  маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили намудҳои беҳтарини моҳӣ, паранда, тухм, асал ва сабзавоту меваҷот, ки дар даромадгоҳи макони чорабинӣ ҷой дода, бо нархи дастрас пешкаши харидорон мегардониданд, дидан намуданд. Сипас аз манораҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили навъҳои гуногуни анору себ, ангуру нок, харбузаву кадую тарбуз, инчунин сабзавоту меваҷоти хушку тар, майдонҳои пахтаву гандум, маъсару ҷўворимакка, лаблабую шолӣ, хонҳои пурнеъмати идона, хўрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, ба намоиш гузошташуда, ки таҷассумгари ҷашни меҳргон аст, дидан намуда, ба меҳнати самараноку софдилонаи кишоварзони ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҳар гўшаи боғ, ки чорабиниҳои фарҳангӣ, танинандоз гардидани навои карнаю сурнай, намоиши ҳунарҳои дастиву анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои дастранҷи кишоварзон бо дизайнҳои муосир оро додашуда, ба ҷашн боз ҳам ҳусну таровати тоза зам менамуд.

Пас аз дидан намудани дастовардҳои кишоварзони ҷумҳурӣ Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба сарчашмаҳои таърихии ҷашнгирии иди Меҳргон ва рўзи кишоварзон ва Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир оид ба дастовардҳои кишоварзон аз меҳргон то меҳргон суханронӣ намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кишоварзони ҷумҳуриро ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод намуданд.

Пас аз баромади намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ барои ҳавасманд гардонидани кишоварзон аз рўи 22-номинатсия пешқадамони соҳаро бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиварӣ қадрдонӣ намуда, барои рушди бемайлони иттилоотонӣ дар соҳаи кишоварзӣ кулли Сардорони сарраёсати кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бахшида ба иди Меҳргон ва рўзи кишоварзон бо компютерҳои муосир, принтер ва интернети баландсуръат таъмин намуданд. Инчунин иброз доштанд, ки Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. Зеро Меҳргон ба монанди иди Наврўз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Меҳргон ин ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукўҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост. Дар ин чорабинии бошукўҳ як қатор шоирону нависандагон дар васфи меҳргон ва кишоварзон шеърҳои пурмуҳтаво қироат намуданд. Барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари ҷашни меҳргон буд, хотири меҳмонону иштирокдорони чорабиниро болида гардонид.

 


Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
тел: 235 38 63 Сомона: www.moa.tj

Илова кунед: