Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тантанаи ҷашни сада

25.01.2020

Сада, Наврўз ва Меҳргон муҳимтарин ҷашнҳои кишоварзии
ниёгонамон буда, иди марди деҳқон, иди фаровониву нишод,
дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Тантанаи ҷашни Сада дар Тоҷикистон

Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо тоҷикон аз замонҳои дуродури таърих ҷашнҳои бузурги Наврўз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан бо як шукўҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил менамуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад.

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.01.2020 дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки меҳмонону сокинони пойтахт ҷашни Сада бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Ҷашни Сада, ки нишонаи дўстиву рафоқат, меҳру садоқат, таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ, ифодаи камарбандӣ ва омодагӣ ба фасли баҳору мужда аз фарорасии ҷашни Наврўз аст.

Вазорати кишоварзӣ ва зерсохторҳои он намоиши ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кўчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати дорои сертификат, техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, оҳангариву гаҷкорӣ, хумҳои қадима, пешниҳоди лоиҳаҳои хурду бузург тавассути макетҳо, намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, трести чарогоҳ, занбўрпарварӣ, дастур ва китобҳои гуногуни методӣ барои кишоварзону чорводорон, барои пешгирӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон намоиши заҳрдоруҳои гуногуни бо олотҳои дорупошӣ ва камераҳои фумигатсионӣ, намоиши таъомҳои миллии ба ҷашн хос ва ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуд.

Инчунин як қатор мақомоту идораҳои дахлдор ва кишоварзони ҷумҳурӣ дастовардҳои ба ҷашн хос, аз қабили хони идона хўрокҳои миллӣ, ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, кулолгариву табақтарошӣ, оҳангариву кашидадузӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари ҷашни Сада мебошад, пешкаши ҳозирин намуданд. Дар ҳар гўшаи боғ чорабиниҳои фарҳангӣ, рақсу бозӣ, гулханафрўзиву таронахонӣ, сангбардориву бандкашӣ, камонзаниву гўштингирӣ ба иштирокдорон мақбул гардида, ба ҷашнвора боз ҳусну таровати тоза зам менамуд.

Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба сарчашмаҳои таърихии ҷашнгирии иди Сада суханронӣ намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани як ҷашни хотирмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Меҳмонону иштирокчиёни ҷамъомад бо чеҳраҳои идона аз ин дастовардҳои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва анъанаҳои қадимаи миллии ба намоиш гузошташуда дидан намуда, ба меҳнати самараноки кишоварзони ҷумҳурӣ баҳои баланд доданд.

Иди Сада, ки ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардонидани пешқадамони соҳа ва омодагии соҳа ба кишту кори баҳорӣ мебошад, дар рафти чорабинии фарҳангӣ пешқада+мони соҳа ва ғолибони озмуни ихтироъкорони “Муҳандиси ҷавон” аз рўи номинатсияҳои гуногун бо сипоснома ва тўҳфаҳои хотирмони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҷашнвораи мазкур шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишот, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медод.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
Сомона: www.moa.tj. e-mail: info@moa.tj

Илова кунед: