Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах ва муҳофизати растаниҳо

14.02.2020

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои
зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва
самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти
ғизоӣ таъмин кунем, яънемасъалаи озуқаворӣ
– яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 14.02.2020 дар толори маҷлисгоҳи вазорат ҷаласаи ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шарикони хориҷӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Клуби миллии ҳавопаймои ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари намояндагии созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, Роҳбари агентии Ҷопон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Сардорони сарраёсат ва раёсатҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони филиалҳои назди МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ва МД «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» кормандони масъули дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд.

Дар ибтидо роҳбари ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода А.Ф., ба кори ситод ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфтанд ва иброз доштанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи истеъмолӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии маҳсулоти босифат мавқеи бузургро ишғол менамояд. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ин чораҳои пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон мебошад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар соли сипаригардида, мутахассисони вазорат ва зерташкилотҳои он тавонистанд бо истифода аз техникаву таҷҳизотҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста чорабиниҳои муҳофизати пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасонро босуръат идома дода, зироатҳои кишоварзиро аз зарарбинӣ ва нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд.

Дар рафти ҷаласа Сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» Хайридинов С.Н., барои дастгирии ҳамаҷониба, ҷиҳати пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва зарароварии он ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ва ҳозирин миннатдорӣ баён намуда, бо мақсади таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз корҳои иҷрогардида дар соли 2019 ба иштирокчиён ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.

Сипас Сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» Қодиров Аҳмадҷон., дар баромадаш иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисону олимони соҳа барои нест кардани зараррасонҳои боғу токзор ва майдонҳои зироатҳои кишоварзӣ ҷиҳати пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳо чораҳои пешгирикунанда (бо роҳҳои агротехникӣ, механикӣ, кимёвӣ ва биологӣ) дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки майдони умумии боғҳо 158937 га ва токзор 38109 гектарро ташкил медиҳад коркарди байни қаторҳо 92561 га, башаклдарорӣ 104683 га, яхобмонӣ 38539 га коркарди кимёвӣ 49634 га гузаронида шуд, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд.

Сардори филиали МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон ва намояндаи филиали МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд оид ба ҳолати омодагӣ, захираи заҳрхимикатҳо, чораҳои пешгирикунандаи то ин замон иҷрошуда дар минтақаҳои хеш маълумот дода, ба саволҳои гузоштаи роҳбари ситод ва ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд. Вазири кишоварзӣ ба аъзоёни ситод ва масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, даъват ба амал оварданд, ки чун фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қаблӣ боришоти барф кам бошад ҳам барои кишту корҳои саҳрои мусоид омад, боришотҳои пай дар пайи боронҳои кўтоҳмудат барои зироатҳои киштшуда, майдонҳои шудгоргардида, боғу токзор, чарогоҳҳо ва дигар майдонҳо хеле муфид буда, аммо пайдо гардидани ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон бахусус ҳашароти зиёновар малах аз эҳтимол дур нест.

Аз ин рў моро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар мубориза бар зидди касаливу ҳашаротҳои зараррасонро хуб ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳои заруриро андешем, то ки меҳнати бо ранҷ парваридаи кишоварзонро аз зараррасонҳо эмин нигоҳ дорем.

Дар интиҳои кори ситод роҳбарияти вазорат ба роҳбарон ва аъзоёни ситод вазифагузорӣ карда, якқатор пешқадамони соҳаро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравии вазорати кишоварзӣ қадрдони намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти.
тел: 235-39-23, 235-38-63
Сомона: www.moa.tj.

Илова кунед: