Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъоварии ҳосили пахта

25.11.2019

Мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди
маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин, дар сурати
оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолии соҳа
мо метавонем худро бо маҳсулоти ғаладонагиҳо, меваю сабзавот,
гўшту шир ва дигар намудҳои озуқа таъмин намоем.

Эмомалӣ Раҳмон
 

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ кишоварзони мамлакат дар майдони 185670 га кишти пахта гузарониданд, ки то ба санаи 25.11.2019 дар ҷумҳурӣ ба миқдор 398380 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110434 тонна зиёд буда, ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар ҳосилнокӣ 21,5 сентнериро ташкил медиҳад.

Ҳосили пахта  нисбат ба соли гузашта хело хуб буда, кишоварзони мамлакат азм доранд, ки бо истифода аз боду  ҳавои  мусоид  ҳосили  дар саҳро  бударо  беталаф ҷамъоварӣ  намоянд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 22.11.2019 дар хоҷагиҳои ҷамоави ва деҳқонии ҷумҳурӣ 858392 тонна ғаладонагиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Барои ҳосили 2020  дар майдони 109103 га кишти тирамоҳии ғаладонагиҳоро гузарониданд, ки ба 70% дурнамо баробар мебошад.

Ҳосили умумии ҷамъоваришуда бошад 858392 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 148408 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавии ҷумҳурӣ 33659 га кишти картошка гузаронида шудааст. То саннаи 22.11.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 33619 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 652559 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10913 тонна зиёд мебошад. Дар вилояти Хатлон аз майдони 6810 га 119618 тонна,  дар вилояти Суғд аз майдони 16068 га 307835 тонна,  дар ВМКБ аз майдони 1224 га 16377 тонна ва дар НТҶ аз майдони 9557 га 208729 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Истеҳсоли сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок  истифода бурдани  заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи  парвариши зироатҳои  кишоварзӣ ба он мусоид намуд, ки  ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гардад. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати  растанипарварӣ то санаи 22.11.2019  дар ҷумҳурӣ ҳосили  майдони 36888 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 1055324 тоннаро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо кишоварзон  аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот, ки 482752 тонна пиёз, 41540 тонна карам, 209704 тонна помидор, 85642 тонна бодиринг, 120498 тонна сабзӣ ва 115188 тонна сабзавотҳо пешкаши харидорон гардониданд.

Истеҳсоли меваю ангур

 

Тибқи маълумоти фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 22.11.2019  ба миқдори 238797 тонна мева  ва 125254 тонна ангур ҷамъоварӣ  карда шудааст, ки  нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Аз он ҷумла дар вилояти Суғд 108321 тонна мева, 42247 тонна ангур, вилояти Хатлон 87250 тонна мева,28392 тонна ангур, ВМКБ 5351 тонна мева ва дар НТҶ 37875 тонна мева, 54615 тонна ангур ташкил медиҳад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
тел; 235-39-23, 235-38-63 сомона: moa.tj

Илова кунед: