Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ЭЪЛОН !!! ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ОЗОД ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

03.03.2021

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли

мансабҳои холии зерин озмуни кушода эълон мекунад.

                                                                

  1. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқӣ) –

    1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ; 

 

  1. Сармутахассиси бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўри асалпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ;

 

  1. Сармутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -

    1380 сомонӣ;

  1. Сармутахассиси Шўъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи

     кишоварзӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ– 1380 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ

      – 1124 сомонӣ 70 дирам;

  1. Мутахассиси пешбари Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ – 1 ҷой, маоши мансаби 1124 сомонӣ 70 дирам
  2. Мутахассиси пешбари Шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ

      1124 сомонӣ 70 дирам;

  1. Мутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ 60 дирам.

 

Талаботи тахассусӣ

 

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси

Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ) 

 

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиноси байналхалқӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси бахши чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварии Раёсати чорводорӣ,

парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ:

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ –зоотехник, ветеринар ва технологи истеҳсолоти кишоварзӣ (чорводорӣ), ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

 

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ

 

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодчӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

 

Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Шуъбаи сиёсати

техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ

 

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – муҳандис - механик, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

 

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварӣ  

 

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – агрономӣ, заминсоз, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

 

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Шўъбаи

мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва

мониторинги амнияти озуқаворӣ

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – иқтисодчӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Шуъбаи аудити дохилӣ  

 

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – таҳлил ва аудит, муҳосибӣ ва иқтисодчӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

Барои ишғоли мансаби мутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ

 

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ –  муҳосибӣ, иқтисодчӣ, таҷлил ва аудит, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир ва забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.

 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

 

-  ариза ба унвони роҳбари мақомот

-  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6)

-  тарҷумаи  ҳол

-  нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот

-  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

   меҳнатӣ надорад)

-  маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038)

-  нусхаи гувоҳномаи  рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)

-  маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ

-  нусхаи шиноснома

-  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуда- 

   анд

-  маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ  

маълумотнома (объективка)

 

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

 

шаҳри Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1

Телефон барои тамос: 235-38-61

Почтаи электронӣ: kadrikishovarzi@mail.ru

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 

 

Илова кунед: