Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор дар Семинар - машварат дар мавзӯи "Хусусияти хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон", дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

24.11.2022
Санаи 23 ноябри соли равон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Семинар - машварат дар мавзӯи "Хусусияти хоси парвариши картошкаи барвақтӣ дар шароити вилояти Хатлон" баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор иштирок ва баромад намуда, ба масъулин оид ба бартарияти кишти барвақтии зироатҳо ва ҷиҳати таъмини бозорҳо дар ҳама фасли сол ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ибрози назар намуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: