Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқот оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ

30.01.2020


31 январ дар толори вазорат Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо Раиси Шўрои тиҷоратии Туркия ва Тоҷикистон Ҷаҳонгир Фикрӣ, Мушовир доир ба масъалаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Муҳаммад Эмраҳ ва Намояндаи ширкати «ТекЧелик», ҳамоҳангсоз доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Ирфануддин Гувен мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Сараввал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода А.Ф., ташрифи ҳайати Туркияро ба Вазорати кишоварзӣ хайрамақдам гуфта, ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва маориф хуб арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия имкониятҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуд мебошад. Бо назардошти муносибатҳои хуби ҳамкорӣ миёни ду кишвар, заминаи мусоид барои афзоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ фароҳам буда, Вазорати кишоварзӣ барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бо мақсади афзоиши иқтидори содиротӣ бо Туркия диққати махсус дода истодааст.

Ҳайати меҳмонон миннатдории худро барои қабули самимӣ ба роҳбарияти вазорат баён дошта, мақсад аз ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Туркия ҷалби ширкатҳои ҳавасманди соҳаи кишоварзӣ барои иштирок дар форум ва намоишгоҳҳои тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Туркия ва Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии Туркия ба нақша гирифта шудааст. Изҳори хоҳиш карда шуд, ки дар мулоқотҳои В2В корхонаю ширкатҳое, ки дар соҳаи истеҳсол ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд, иштирок намоянд.

Вазири кишоварзӣ барои ҳавасмандии ҷониби Туркия ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миннатдорӣ намуда, ҳамкорӣ дар соҳаҳои рақамикунонӣ ва кластерикунонии кишоварзиро бо назардошти таҷрибаи Туркия муҳим шумориданд.

Ҳамзамон, даъвати ҷониби Туркияро барои анҷоми сафар ҳайати Тоҷикистон ба ин кишвар ба хубӣ пазируфта, қайд намуданд, ки дар замони мусоид сафари мазкур анҷом дода мешавад.

Дар маҷмўъ мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-63.

Илова кунед: