Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти корӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ

04.03.2020

4 марти соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса Ясмина Гуедар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар вохўри ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои тақвияти онҳоро баррасӣ намуда, ҷониби Фаронса барои сармоягузорӣ барои бунёди Маркази логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳои мустақим бо ширкатҳои миллӣ (фермерҳо) ҷиҳати ба фурўшгоҳи АШАН дастрас намудани маҳсулоти ширию гўштиро мавриди баррасӣ қарор додан.

Дар маҷмўъ мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ изҳори омодагӣ намуданд.

 

Илова кунед: