Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти судманд оид ба рушди соҳа

29.01.2020


29 январ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Директори кишварии Хазинаи байналмилалӣ рушди кишоварзӣ Микаэл Кауту мулоқот кард.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муовини вазир ташрифи меҳмононро ба Вазорати кишоварзӣ хайрамақдам гуфта, аз натиҷаи татбиқи барномаҳои ИФАД дар соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатманди намуд. Инчунин иброз дошт, ки саҳми ИФАД дар беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, тақвияти базаи хўроки чорво ва рушди механиконии соҳаи кишоварзӣ назаррас аст.

Инчунин, Вазорати кишоварзӣ пешниҳод менамояд, ки дар доираи лоиҳаи LPDP-2 бо мақсади беҳтар намудани базаи хўроки чорво ва ба ин васила беҳтар нигоҳ доштани ҳолати чарогоҳҳо барои харидории тухмии юнучқа ва эспарсет ИФАД мусоидат намояд.

Директори кишварии Хазинаи байналмилали рушди кишоварзӣ барои дар сатҳи мувофиқ қабул намудан ба роҳбарияти вазорат миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар дизайни лоиҳаи нави ИФАД самтҳои афзалиятноки Вазорати кишоварзӣ бо мақсади тақвияти базаи ташкилотҳои зертобеи ин сохтор ба инобат гирифта мешаванд. Дар чорчубаи лоиҳаи LPDP-2 дар доираи имконият тақвияти базаи соҳаи тухмипарварии Вазорати кишоварзӣ дастгирӣ карда мешавад.

Дар фарҷом муовини вазир қайд намуд, ки Вазорати кишоварзӣ кушиш менамояд, ки масъалаи мазкурро ҳарчи зудтар ба таври мусбӣ ҳал намуда, доир ба дастгирии Барномаи кишварӣ аз ҷониби Тоҷикистон ИФАД-ро дар ҷараён гузорад. Дар маҷмўъ мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.

Илова кунед: