Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019

11.10.2019


Санаи 11.10.2019 дар маҷлисгоҳи васеи вазорат оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои минбаъда ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи вазорат, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло, роҳбарону директорони институтҳои АИКТ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо, намояндагони вазорату идораҳои марбути соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нахуст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин толори барҳаво хайрамақдам намуд. Сипас муовини вазири кишоварзӣ Зеваршоев З.Т. “Оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳаи соли ҷорӣ” ҳисоботи мукаммал пешниҳод намуд. Қайд карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида, бо мақсади афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид.

Истифодаи самараноки имкониятҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба он мусоидат намуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 19,1 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,1%-ро ташкил дода, дар соҳаи растанипарварӣ 107,1% ва соҳаи чорводорӣ 107,1% рост меояд.

Бо андешидани тадбирҳои самарабахш мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1189240 тонна, пахта 161722 тонна, картошка 709540 тонна, сабзавот 1754223 тонна, полизӣ 581977 тонна, мева 352717 тонна ва ангур 181720 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 102574 тонна (109,4%), пахта 36273 тонна (128,9%), картошка 16479 тонна (102,4%), сабзавот 47645 тонна (102,8%), полизӣ 53343 тонна (110,1%), мева 27684 тонна (108,5%) ва ангур 6735 тонна (103,8%) зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ маҳсулоти чорводорӣ, аз ҷумла истеҳсоли гўшт ба 142318 тонна, шир 622159 тонна, тухм 488,8 млн дона, пашм 6276 тонна, асал 3698 тонна ва моҳӣ 816 тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гўшт 5545 тонна (104,8%), шир 12756 тонна (102,1%), тухм 203,7 млн дона (171,4%), пашм 126 тонна (102,0%), асал 129 тонна (103,6%) ва моҳӣ 78 тонна (110,6%) зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ истеҳсоли гўшт ба 14404 тонна, шир 41747 тонна, тухм 381,5 млн дона, пашм 1396 тонна, асал 287 тонна ва моҳӣ 806 тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гўшт 3825,5 тонна (136,2%), шир 1486 тонна (103,7%), тухм 205,6 млн дона (2,1 маротиба), пашм 68,2 тонна (105,1%), асал 45,7 тонна (118,9%) ва моҳӣ 82,2 тонна (111,3%) зиёд мебошад.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. дар рафти кори ҷаласа аз сардорони сарраёсати кишоварзии вилояту шаҳру ноҳияҳо, сардорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарону директорони институтҳои АИКТ ва дигар масъулини соҳа оид ба рафи иҷрои дастуру супоришҳои додашуда пурсон шуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ, риояи корҳои агротехникӣ дар саҳро, аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили маҳсулотҳои кишоварзӣ бахусус пахта, самаранок истифода намудани заминҳои корам, андешидани чораҳои зарурӣ оид ба захираи хўроки чорво, захираи тухмиҳои хушсифати зироатҳо (воридоти тухмиҳои суперэлита ва элита), зиёд намудани оилаҳои занбўри асал, ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашнҳои миллии ба кишоварзон хос ва ба дигар самтҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки оид ба тағйирёбии иқлим, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ бахусус ворид намудани нуриҳои минералӣ дар замин вобаста ба мавсим, семинару машваратҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Сипас Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишо Нарзулло ба сухан баромада, барои фаровонии маҳсулотҳои кишоварзӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва меҳнати заҳматталабу софдилонаи кишоварзон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кишоварзон оид ба саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа Вазири кишоварзӣ иброз доштанд, ки тинҷиву оромӣ, сулҳу субот ва шароити мусоиди обу ҳавои Тоҷикистони биҳиштосоямон моро ҳамеша водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зиёдтар меҳнат кунем, ҳар ваҷаб замини зархезамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, самаранок истифода барем, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем ва барои иҷрои яке аз ҳадафҳои старегии кишварамон, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳоли ба ғизои хушсифат аст, тамоми иқтидори илмиро сафарбар намуда, 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои хубу хотирмон пешвоз гирем.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
тел: 235-39-23, 235-38-63
Сомона: www.moa.tj. e-mail: kishovarz2015@mail.ru

Илова кунед: