Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуоти дар Вазорати кишоварзи

27.01.2020

Натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»
 
Санаи 27.01.2020 дар толори васеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 24 нафар хабарнигор аз васоити ахбори омма оид ба «Натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар кори нишаст роҳбарияти вазорат, Президенти АИКТ, Директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг», сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои зертобеи вазорат ва директорони институтҳои АИКТ иштирок намуданд.

Нишасти матбуотӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти вазорат оғоз гардида, барои шиносоии хабарнигорон бо натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

Сипас, аз ҷониби хабарнигорон оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба зироатҳои кишоварзӣ, арзиши маҳсулотҳои кишоварзӣ бахусус моҳӣ ва гўшти паранда, таъсиси марказҳои логистикӣ, рушди соҳаи қутоспарварӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди гармхонаҳои доимоамалкунандаву сардхонаҳо, ҳолати кунунии чарогоҳҳо ва ғайра ба масъулин саволҳо пешниҳод намуданд. Ба саволҳои пешниҳодшуда роҳбарияти вазорат ва дигар шахсони масъул ҷавобҳои мукаммал ва қонеъкунанда доданд. Инчунин иброз карда шуд, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи кишоварзони мамлакат имрўзҳо маҳсулоти кишоварзӣ дар бозору мағозаҳо фаровон гардидааст.

Дар фарҷом роҳбарияти вазорат ба намояндагони васоити ахбори омма барои ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷўҳи беандоза зоҳир намудан ва аз ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Пас аз анҷоми нишаст намояндагони ВАО доир ба пешгирии зироатҳои кишоварзӣ аз ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, фаъолияти сардхонаҳо, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, рушди соҳаи чорводорӣ ва моҳипарварӣ бо олимон ва мутахассисони соҳа мусоҳибаҳо доир карда шуд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
тел: 235-38-63 Сомона: www.moa.tj. e-mail: info@moa.tj

Илова кунед: