Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 28.10.2019

28.10.2019


Мамлакати мо дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди
маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Бо дарназардошти ин,
дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани
захираҳои истеҳсолии соҳа мо метавонем худро
бо маҳсулоти ғаладонагиҳо, меваю сабзавот,
гушту шир ва дигар намудҳои озуқа таъмин намоем.

                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Мувофиқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ кишоварзони мамлакат дар майдони 185670 га кишти пахта гузарониданд, ки то санаи 28.10.2019 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 330454 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95356 тонна зиёд мебошад.

Дар ин маъракаи муҳим чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мебошанд, ки дар як рўз 4971 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда ба хирмани давлат месупоранд.

Чун имсол ҳосилнокии пахта нисбат ба соли қаблӣ хело хуб буда, кишоварзони мамлакат азм доранд, ки аз мусоид омадани боду ҳавои фасли тирамоҳ самаранок истифода баранд. Инчунин  ҳосили дар саҳробударо саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрўзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар арафаи анҷомёбӣ аст. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 291510 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 25.10.2019 майдони 280264 гектарро даравида, майдони 279330 га кўфта шудааст.

Ҳосили умумии ҷамъовардашуда бошад 824828 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114844 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, 1105 адад комбайнҳо мавҷуд буда, қисме аз он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 33659 га кишти картошка гузаронида шудааст. То санаи 25.10.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 28252 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 565688 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, ин нишондод дар вилояти Хатлон аз майдони 6810 га 119618 тонна, дар вилояти Суғд аз майдони 11689 га 237172 тонна, дар ВМКБ аз майдони 937 га 14254 тонна ва дар НТҶ аз майдони 8816 га 194644 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Истеҳсоли сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба он мусоидат намуд, ки ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гардад. Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 25.10.2019 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 36224 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 997836 тоннаро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавотҳо, ки 997836 тоннаро ташкил медиҳад: аз он 470868 тонна пиёз, 40729 тонна карам, 198425 тонна помидор, 84286 тонна бодиринг, 103219 тонна сабзӣ ва 100310 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ намуда, пешкаши харидорон гардониданд.

Истеҳсоли меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 25.10.2019 ба миқдори 215826 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта ҳосилноки хуб буда, ҷамъоварии он дар ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

Кишоварзон азм доранд, ки аз ҳавои мусоиди фасли сол самаранок истифода намуда, ҳосили дар майдонбударо саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Суғд тавонистанд 106754 тонна, вилояти Хатлон 82015 тонна, ВМКБ 3062 тонна ва НТҶ 23995 тонна меваҷотро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд, ки барои ба ҳадаф расидан як иқдоми нек аст.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ангурро низ вусъат бахшида, то санаи 25.10.2019 дар ҷумҳурӣ 100435 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли гузашта ҳосилноки хеле хуб буда, ин маҳсулоти лазиз дар мағозаву бозорҳо фаровон мебошад. Имрўзҳо ҷамъоварии ангур дар вилояти Суғд 37597 тонна, вилояти Хатлон 27559 тонна ва НТМ 35279 тонна буда, кишоварзон кўшиш ба он доранд, ки ҳамаи ҳосилро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда нақшаро барзиёд иҷро намоянд.

Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 18621 га кишти полизиҳо гузаронида шуд, ки то санаи 25.10.2019 майдони 18452 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта майдони 1863 га зиёд мебошад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ маъраки ҷамъоварии ҳосилӣ полизиҳо ҳолоҳам идома дошта, то санаи 25.10.2019 ба миқдори 456425 тонна полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44487 тонна зиёд буда, ба ҳар як га 247,4 сентнерӣ ҳосил рост меояд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ
тел: 235-39-23, 235-38-63 Сомона: www.moa.tj

Илова кунед: