Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релизи мушовараи 9-моҳа

11.10.2019


Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ,
ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат,
қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад
ва он шукўҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.

Эмомалӣ Раҳмон

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2019

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, “Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи растанипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» таҳия гардиданд ва дар раванди мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳо қарор доранд.

Барои боз ҳам тақвият бахшидан ба рушди соҳаи парандапарварӣ ҷиҳати зиёд намудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ва истеҳсоли гўшти паранда, Нақша-чорабиниҳои иловагӣ ва Матритсаи амалиёт оид ба тадбирҳои иловагии рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022 таҳия гардида, дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо дарназардошти «Дурнамои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» бо фармоиши вазорат аз 05.08.2019, №91 гурўҳи кории назди вазорат иборат аз намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2020 таҳия гардида аз 26.09.2019, №1/8-2391 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

Истифодаи самараноки имкониятҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба он мусоидат намуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 19,1 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 107,1%-ро ташкил дода, дар соҳаи растанипарварӣ 107,1% ва соҳаи чорводорӣ 107,1% рост меояд.

Бо андешидани тадбирҳои самарабахш мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1189240 тонна, пахта 161722 тонна, картошка 709540 тонна, сабзавот 1754223 тонна, полизӣ 581977 тонна, мева 352717 тонна ва ангур 181720 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 102574 тонна (109,4%), пахта 36273 тонна (128,9%), картошка 16479 тонна (102,4%), сабзавот 47645 тонна (102,8%), полизӣ 53343 тонна (110,1%), мева 27684 тонна (108,5%) ва ангур 6735 тонна (103,8%) зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ маҳсулоти чорводорӣ, аз ҷумла истеҳсоли гўшт ба 142318 тонна, шир 622159 тонна, тухм 488,8 млн дона, пашм 6276 тонна, асал 3698 тонна ва моҳӣ 816 тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гўшт 5545 тонна (104,8%), шир 12756 тонна (102,1%), тухм 203,7 млн дона (171,4%), пашм 126 тонна (102,0%), асал 129 тонна (103,6%) ва моҳӣ 78 тонна (110,6%) зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ истеҳсоли гўшт ба 14404 тонна, шир 41747 тонна, тухм 381,5 млн дона, пашм 1396 тонна, асал 287 тонна ва моҳӣ 806 тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гўшт 3825,5 тонна (136,2%), шир 1486 тонна (103,7%), тухм 205,6 млн дона (2,1 маротиба), пашм 68,2 тонна (105,1%), асал 45,7 тонна (118,9%) ва моҳӣ 82,2 тонна (111,3%) зиёд мебошад.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Барои ҳосили соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳосили соли 2018, 54580 тонна тухмии ғалладона ва лубиёгиҳо, 1065 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ, 7176 тонна тухмии дигар ғалладонагиҳо, 52397 тонна картошкаи тухмӣ, 92,9 тонна тухмии сабзавот ва 13304 тонна пунбадонаи тухмӣ захира намуданд ва барои кишт истифода бурда шуд.

Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ дар соли 2019 дар майдони 847,0 ҳазор га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2018, 20,4 ҳазор га ё 2,5% зиёд мебошад. Аз ин миқдор кишти байни қаторҳои боғ 23,1 ҳазор гектарро ташкил дод ва аз он 20,5 ҳазор га дар заминҳои обӣ гузаронида шуд.

Аз майдони умумии киштшуда, 383,7 ҳазор га зироатҳои ғалладонагиҳо, 215,5 ҳазор га зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 185,7 ҳазор га пахта, 51,8 ҳазор гектар картошка, 67,1 ҳазор га сабзавот (якҷоя бо сабзавоти тухмӣ), аз ҷумла 20,9 ҳазор га пиёз, 21,9 ҳазор га зироатҳои полизӣ ва 107,0 ҳазор гектарро зироатҳои хўроки чорво ташкил медиҳад.

Дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2018 майдони кишти зироатҳои ғалладонагиҳо 8788 га ё 2,3%, зироатҳои техникӣ 943 га ё 0,4%, картошка 1454 га ё 2,9%, полизӣ 1963 га ё 9,9% ва зироатҳои хўроки чорво 8541 ё 8,7% зиёд шуда, кишти пахта 146 га ё 0,1% ва сабзавот (якҷоя бо сабзавоти тухмӣ) 1281 га ё 1,9% кам гардид.

Сабаби кам гардидани кишти сабзавот ва пахта ин зиёд гардидани майдони кишти зироатҳои полизӣ, картошка ва зироатҳои техникӣ дар сохтори кишт мебошад.

Таносуби кишти зироатҳои ғалладонагиҳо нисбат ба майдони кишти умумӣ 45,3%, аз он ҷумла гандум 31,2%, зироатҳои техникӣ 25,5%, аз он ҷумла пахта 21,9%, картошка 6,1%, сабзавот 7,9%, полизӣ 2,6% ва зироатҳои хўроки чорво 12,6%-ро ташкил медиҳад.

Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил мувофиқи дурнамо гузаронидани кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 82016 га пешбинӣ гардида, тибқи маълумоти оморӣ ба 01.09.2019, дар майдони 86273 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ба 105,1%-и дурнамои пешбинигардида баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5767 га ё ин, ки 7,2% зиёд мебошад.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 43255 тонна тухмии ғалладонагиҳо, аз он гандум 40403 тонна ва барои мавсими кишти баҳории соли 2020, 5689 тонна тухмии картошка, 24 тонна тухмии сабзавот ва 1844 тонна чигити тухмӣ захира гардид. Захиракунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.

Ҳамчунин дар ин давра хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади пешниҳод намудани маҳсулоти барвақтӣ ба бозорҳои истеъмолии кишвар дар майдони 8523,4 га кишти сабзавоти барвақтӣ, аз он карам 279 га, сабзӣ 1033 га, пиёз 6876,4 га ва 328 га дигар кишти сабзавотиҳоро гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 159,3%, 123,5%, 128,2%, 172,9% ва 106,5% зиёд мебошад.

Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо

Бо мақсади таъмини намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар масоҳати 76,1 га гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавот гузаронида, аз он 1910 тонна ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар афзун намудани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани аҳолӣ бахши афзалиятнок ба ҳисоб рафта, бо мақсади зиёд намудани масоҳати боғу токзор хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10 2019 дар майдони 2871,4 га боғу токзор бунёд намуданд ва аз он 2673,7 га (дар заминҳои лалмӣ 1757,7 га) боғҳои нав, 194,5 га (дар заминҳои лалмӣ 179 га) токзор ва 3,2 гектараш тутзор мебошад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ дар майдони 193,2 га боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудааст. Бо мақсади азнавбарқароркунӣ дар майдони 2008 га боғ ва 189,2 га токзор бунёд карда шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бунёди боғу токзори нав 118,6% таъмин гардид.

Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омили серҳосилӣ

Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ дар боғу токзори ҷумҳурӣ корҳои пешгирӣ бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ба роҳ монда шуда, бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар давраи зимистону аввали баҳор бо тавсияи мутахассисони соҳа хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 92561 га коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор, дар майдони 104683 га шаклдарории дарахтҳои боғу токзор, дар майдони 38539 га яхобмонӣ ва дар майдони 49634 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо вазорат ба ВМКБ 200 литр, ба вилояти Хатлон 2086 литр, ба вилояти Суғд 1660 литр ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1804 литр заҳрдоруҳо ҷудо ва дастрас намуд. Инчунин ҷиҳати ҳифз намудани зироатҳои кишоварзӣ бо усули биологӣ дар майдони 73002 га ҳашаротҳои фоидаовар истифода шуд, ки аз он дар 31706 га энтомофаги трихограмма, 26131 га энтомофаги габрабракон, 15165 га энтомофаги тиллочашмак ва ба миқдори 27415 адад домҳои ферамонӣ гузошта шуданд.

Барои муташаккилона ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ба филиалҳои Муассисаи давлатии  «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 адад хайма барои зисти коргарони мавсимӣ, 21 адад генераторҳои дизелии 5 квт ва 21 адад зарфҳои пластикии силиндрӣ 2000 литра барои нигоҳдории об дастрас гардид. Инчунин 110 адад техника ва таҷҳизот, 782 адад дорупошакҳои муҳаррикию дастӣ омода карда шуда зиёда аз 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд. Ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 22881 литр заҳрдору ва 40042 литр сўзишворӣ дастрас гардид.

Дар мавсими имсола дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах майдони 294 559 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳ ба маблағи 566 232 384 сомонӣ аз зарароварии малах эмин нигоҳ дошта шуд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2348081 сар, гусфанду буз 5765221 сар, паранда 8342189 сар ва асп 82590 сар парвариш ёфта истодааст, ки аз он ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ саршумори чорвои калон 166585 сар, гусфанду буз 1086827 сар, паранда 5039930 сар ва асп 21112 сар рост  меояд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 34520 сар (101,5%), гусфанду буз 72239 сар (101,3%), паранда 1890090 сар (129,3%), асп 388 сар (100,5%) ва дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ саршумори чорвои калон 2158 сар (101,3%), гусфанду буз 10694 сар (101%), паранда 2027540 сар (167,3%) ва асп 40 сар (100,2 %) зиёд гардидааст.

Бо мақсади сари вақт гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 12.02.2019, №27 ба тасвиб расида, гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Барои расонидани кўмакҳои амалию методӣ ба чорводорон ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисону олимон сафарбар карда шуданд.

Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 28176 сар гўсола ва 336107 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ба 100 сар модагов 57 сар ва ба 100 сар меш ва модабуз 90 сари рост меояд.

Барои омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2019-2020 тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳамагӣ 1848,7 ҳазор тонна хўроки дурушт захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,6 ҳазор тонна (121%) зиёд аст.

Бо усули бордоркунии сунъӣ беҳтар намудани зоти чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он дар миқёси ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз он 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ ташкил карда шудааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.10.2019 бо роҳи бордоркунии ҷуфтӣ ва сунъӣ 24066 сар (102,6%) модаговҳо бордор карда шуда аз он бордоркунии сунъӣ 6292 сар ё 109,5%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра бо усули найчагӣ дар филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотӣ дар ноҳияи Рўдакӣ 51281 воя ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол гардида, дар асоси дархост ба нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас карда шуд. Барои фаъолияти мунтазами нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ 6220 литр азоти моеъ харидорӣ ва нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ таъмин карда шуд.

Рушди соҳаи парандапарварӣ

Барои рушди соҳаи парандапарварӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 5976970 дона тухми нутфадор ва 1322441 сар чўҷаи якрўза, ворид гардид, ки барои зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли тухм мусоидат намуда истодааст. Дар давраи ҳисоботи шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 124 адад расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 адад зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ саршумори паранда ба 5039930 сар ва истеҳсоли тухм ба 381467 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори паранда 2027540 сар (167,3%) ва истеҳсоли тухм 205615 ҳазор дона (2,1 маротиба) зиёд гардид. Барои ноил гардидан ба чунин нишондодҳо ҳавасманд гардидани хоҷагиҳо ҷиҳати пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки корхонаи аз фаъолият бозмондаи «Мурғи Ҳилол», ҳоло «Ганҷи Ҳилол»-и ноҳияи Файзобод бо саршумори 388678 сар мурғи тухмдеҳ ба кор шурўъ намуд ва дар ин давра истеҳсоли тухмро ба 47,6 млн дона расонид. Дар баробари ин якчанд корхонаҳои парандапарварии аз фаъолият бозмонда, ба монанди “Якарча”-и ноҳияи Муъминобод бо номи ҶДММ “Мурғи Муъминобод”, “Мавзуна-т”-и ноҳияи Шаҳритус ва якчанд корхонаҳои парандапарварии дигар аз нав ба фаъолият шурўъ намуданд.

Бо рушди соҳаи моҳипарварӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 321 адад расонида шуда, аз рўи маълумоти оморӣ то 01.10.2019 истеҳсоли моҳӣ ба 816 тоннаро (110,6%) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 тонна зиёд мебошад.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи моҳипаварии кишвар ҷиҳати ба роҳ мондани такрористеҳсолкунӣ аз ҳисоби Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, 25 миллион кирминамоҳичаҳои намудҳои «амури сафед», «карп» ва «пешонапаҳни ало» ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба хоҷагиҳои моҳипарвар дастрас карда шуд.

Занбўрпарварӣ дар шароити кўҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.10.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 229000 оилаи занбўри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли гузашта 6888 оила зиёд гардидааст. Барои ривоҷ додани соҳаи занбўрпарварӣ ва қонеъ намудани эҳтиёҷмандон дар КВДҶ «Асали Тоҷикистон» айни замон шумораи умумии оилаҳои занбўри асал ба 3300 адад расонида шуда, дар 160 боғчаҳои занбўрпарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парвариш ёфта истодааст. Истеҳсоли асал дар ин давра 3698 тоннаро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 129 тонна зиёд аст.

Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳои ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмин намудани чорво бо хўрок буда бо ин мақсад дар ҳудуди чарогоҳҳои зимистонаи Кооперативи истеҳсолии зотпарварии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара майдони 160 га бо усули коркарди сатҳӣ беҳтар карда шуд. Беҳтаркунии чарогоҳ дар асоси қоидаҳои агротехникӣ амалӣ гардида ба зиммаи хоҷагидорон вобаста карда шуд.

Барои муташаккилона рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистонаю баҳорона ба чарогоҳҳои тобистона аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва аз як минтақа ба минтақаи дигар 21 адад нуқтаҳои назоратӣ ва байторӣ таъсис дода шуд.

Дар мавсими рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистонаю баҳорӣ ба чарогоҳҳои тобистона 2237 рама, 2567036 сар чорвои майдаи шохдор, 101777 сар чорвои калони шохдор ва 14363 сар асп дар чарогоҳҳои тобистона ҷойгир карда шуд.

Бинобар паст фаромадани ҳарорати ҳаво дар баландкўҳҳо рондани чорво аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона оғоз гардида, то санаи 01.10.2019  542 рама, 575442 сар чорвои майдаи шохдор, 66765 сар чорвои калони шохдор ва 3854 сар аз чарогоҳҳои тобистона баргашта, дар чарогоҳҳои наздикўҳӣ ва баҳорию тирамоҳии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Дар ин давра дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 82663 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд.

Мавриди зикр аст, дар соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии “ЭКСПО-2019”, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардид иштирок намуд ва барои дар сатҳи баланд доир гардидани он вазорат саҳми худро гузошт. Дар намоишгоҳ 110 давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва 120 сохторҳои ғайрирасмӣ иштирок намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотҳои интиқолдодашуда бо сатҳу сифати баланд, маводҳои иттилоотӣ, видеоӣ ва ғайра пешниҳод карда шуд. Ҳамарўза аз намоиши боғдории Тоҷикистон зиёд аз 20000 нафар шинос мешуданд, ки баҳри муаррифӣ кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар хориҷи кишвар мусоидат намуд. Дар ҷамъбаст намоиши боғдории Тоҷикистон бо медали тиллои «EXPO-2019» сазовор гардид.

Техникаи кишоварзӣ

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27822 адад трактор, аз он 2033 адад трактори шудгоркунанда, 9787 адад испори тракторӣ, 9436 адад ядак, 3334 адад нармкунанак, 2421 адад тухмипошак ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки тракторҳо 74%, аз он шудгоркунанда 66% дар ҳолати коршоям қарор дорад.

Аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 2616 адад дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ, 5149 адад дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 19400 ададаш ба хоҷагиҳои аҳолӣ ва 657 адад ба КВДҶ «Тоҷикагролизинг» рост меояд.

Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз 85 адад Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 57 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.

Дастовардҳои илму таълими кишоварзӣ

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҳқиқотро аз рўи 60 мавзўъ идома дода, доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 7 патенту нахустпатент ва 8 қарори мусбӣ гардидаанд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 навъи зироат, аз ҷумла гандуми мулоимдонаи “Бобо С-80”, ҷуворимаккаи навъи “Истиқлол” ва “Тезрас”, пахтаи миёнанахи гурўҳи миёнапази навъҳои “Яҳё-110”, “Зебо” минтақабоб гардида, 10 навъи зироатҳои кишоварзии офаридаи олимони Академия (пахтаи миёнанахи навъи “Файзи Сомон”, пахтаи маҳиннахи 3713-В ва 3715-В, мушунги “Мансурӣ”, ҷуворимаккаи “АС-10”, юнучқаи Вахш-464, моши “Марворид” ва “Дурдона”, навъҳои батати «Сомон» ва «Шоҳин») барои озмоиш ба комиссияи мазкур супорида шуд.

Бо мақсади таҳкимбахшии иқтидори кадрҳои илмӣ, соли равон ба муассисаҳои илмии Академия бори аввал 51 нафар магистрант ва 33 докторант (PhD) аз ҳисоби мутахассисони ҷавон қабул гардид. Дар назди Институти ветеринарии АИКТ Шўрои диссертатсионӣ барои дифои рисолаҳои доктори аз рўи ихтиссос, таъсис дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 4 рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя ва 25 рисолаҳои илмӣ омодаи дифоъ гардид.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар омода намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа нақши намоён дорад. Дар 10 факултети донишгоҳ 8053 донишҷў аз рўи 46 ихтисос дар шуъбаи рўзона ва 2303 донишҷў аз рўи 18 ихтисос дар шуъбаи ғоибона фаро гирифта шудаанд.

Дар ин давра дар донишгоҳ 16 китоби дарсӣ, 62 дастури методӣ, 9 монография ва зиёда аз 315 мақолаҳои илмию методӣ нашр гардиданд Ҳамзамон, 9 шумораи рўзномаи «Дониш» бо мазмун ва мундариҷаи нав ва 2 шумораи маҷалаи илми-амалӣ - “Кишоварз” дастраси хонандагон гардид. Дар Шўроҳои диссертатсионии донишгоҳ 15 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки аз он 7 нафар устодони донишгоҳ мебошад. Донишгоҳ санаи 25.09.2019 аъзои комилҳуқуқи ташкилоти Алянси донишгоҳҳои кишоварзии Ҷумҳурии мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ гардид.

Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ мутахассисони миёнаи касбӣ 607 донишҷў аз рўи 7 ихтисос ва дар Муассисаи давлатии таълимии махсусгардонидашудаи Коллеҷи шаҳри Бохтар 1020 донишҷў аз рўи 5 ихтиссос тайёр карда мешаванд.

Соли ҷорӣ тибқи аттестатсияи хатм Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро 1304 донишҷў, дар Муассисаи давлатии  таълимии Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ 177 донишҷў ва Муассисаи давлатии таълимии махсусгардонидашудаи Коллеҷи шаҳри Бохтарро 232  донишҷў хатм менамоянд.

Таҷлили иду ҷашнвораҳои миллӣ

Тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, санаи 27.01.2019 вазорат дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дўстии халқҳо» ҷашни пуршукўҳи «Сада»-ро доир намуд. Дар рўзи баргузории чорабинии мазкур дастовардҳои гуногуни олимону кишоварзон, аз қабили техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, кўчати гулу гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, навъҳои гуногуни тухмиҳо, ниҳолҳои гуногуни ороишиву дарахтони мевадиҳандаи серҳосил, 7 дастархони хоси таҷлили ҷашни “Сада” вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва сару либоси хоси аҳолии ин минтақаҳо ороста шуда, дар 20 оташкада гулхани афрухташуда пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар ин чорабинии мазкур ширкатҳои тухмипарварии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Хитой иштирок намуда, бо хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанд.

Бо мақсади тарғиби ниҳолшинонӣ дар ҷумҳурӣ санаи 03.02.2019 дар Муассисаи давлатии илмии “Боғи ботаникии Тоҷикистони”- шаҳри Душанбе намоиши ниҳолҳо таҳти унвони “Самари умри деҳқон” ташкил карда шуд, ки дар он зиёда 1 млн бех ниҳол ва гулу буттаҳо ба фурўш бароварда шуд. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи доимамалкунандаи фурўши ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо ба роҳ монда шуд.

Санаҳои 2-4.06.2019 “Намоиш ва фурўши асал”, санаи 25.08.2019 «Иди каду», санаи 31.08. 2019  “Иди ангур”, санаи 07.09.2019 “Иди харбузаву тарбуз” ва санаи 21.09.2019 “Иди себ” дар КВД «Бозори Меҳргон”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ҳосили дастранҷи худро ба намоиш ва ба фурўш гузоштанд. Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои зикргардида аз рўи 4 номинатсия вобаста ба ҳар ид озмун эълон гардида, ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ярмарка фурўши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе дар рўзҳои ҷашни байналмилалии Наврўз, моҳи шарифи «Рамазон» ва иди «Қурбон» бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, зиёда 1210 тонна  маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гўшт, шир, тухм ва дигар маҳсулот, аз нархи бозор нисбатан 25-30% арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дар арафаи ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ ва миллӣ ба Мактаб-интернати кўдакони ятиму бепарасторони ноҳияи Ёвон ба маблағи 24300 сомонӣ кўмак расонида шуд ва ин иқдом барои баланд бардоштани рўҳияи кўдакони ятиму бепарасторон идома дода мешавад.

Муносибатҳои байналмилалӣ

Дар ин давра лоиҳаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ: Лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои солҳои 2019-2021; Лоиҳаҳои TCP/TAJ/3704 «Такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтидори идоравӣ баҳри пешбурди кишоварзии органикӣ»; “Баланд бардоштани иқтидори техникии моҳипарварон ва сохторҳои соҳавӣ бо мақсади истеҳсоли хўроки моҳӣ дар Осиёи Марказӣ”; GCP/SEC/650955 «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои минтақавӣ ва зарфиятсозии миллӣ дар мубориза алайҳи касалиҳои зироатҳои ғалладонагиҳо ва селексия баҳри устуворӣ нисбати касалиҳо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз»; TCP/SEC/15/TUR «Коҳиш додани талафоти ғизоӣ ва партовҳои хўрокворӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва TCP/SEC/13/TUR «Зарфиятсозӣ барои идораи устувори соҳаи моҳипарварӣ дар Осиёи Марказӣ» пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд. Лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ» расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуда дар рафти сафари Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба имзо расонидан омода мебошад.

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2019-2021 дар Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, рузҳои 14-15.06.2019 дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҷумҳурӣ ва Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ вобаста ба истифодабарии захираҳои генетикии растаниҳо ва ҳайвонот дар рафти сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 28.06.2019 аз ҷониби Вазири кишоварзӣ ба имзо расонида шуданд.

Бозомўзии мутахассисон

Бо мақсади замина гузоштан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ва нигоҳ доштани устувории таъмини амнияти озуқавории кишвар дар соли 2019 дар асоси қарори Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2018, №12, банди 21 Фармоиш ва нақша-чорабинии вазорат аз 31.12.2018, №157 оид ба баргузории семинар машварат дар мавзуи “Рушди истеҳсолоти кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим: масъала ва роҳҳои ҳалли он” дар фасли зимистони солҳои 2018-2019 ба тавсиб расида, гуруҳи корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуда бо иштироки сардорони сарраёсату раёсатҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ семинар-машваратҳо гузарониданд.

Дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Дар соҳаи кишоварзӣ 2 Маркази татбиқи лоиҳаҳо амалӣ гардида истодааст. Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи дастгирии чорабиниҳои гуруҳии (таълимӣ) ЗАИ (занҷираи арзиши иловашуда) аз рўи маҳсулотҳои: зардолу, шир, себ, нок ва лимў омўзишҳо дар мактабҳои саҳроӣ фермерӣ (МСФ) баргузор гардида истодаанд. Инчунин дар доираи муносибатҳои самараноки шарикӣ 284 шартномаи ҳамкорӣ байни иштирокчиёни занҷира ба имзо расонида шудаанд. Дар давраи ҳисоботи аз 284 шартнома, 247 шартнома байни истеҳсолкунандагон, харидорон ва коркардкунандагон, аз ҷумла 42 шартнома дар доираи ЗАИ аз рўи маҳсулоти зардолу, 82 шартнома дар доираи ЗАИ аз рӯи маҳсулоти шир, 36 шартнома дар доираи ЗАИ аз рӯи маҳсулоти лиму ва 87 шартнома дар доираи ЗАИ аз рўи маҳсулоти себ ва нок ба имзо расонида шудааст.

Ҳамкорӣ бо ВАО

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 139 мусоҳиба бо олимону мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ, тарғиби дастовардҳои соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.

Дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ 180 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассиону олимон барои рушди соҳа буданд.

Инчунин, дар ин давра ҷашнҳои миллиамон: Рўзи артиши миллӣ, Рўзи модар, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи маркази вазорат ҷамъомадҳои тантанавӣ доир карда шуда, баҳри таъмини кормандони дастгоҳи марказии вазорат ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Иншооти “Сохтмонӣ майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакон” воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Пушкин дар биноҳои №30, 30/1, 30/2 сохта ба истифода дода шуд, ки барои бунёди он кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва ташкилотҳои зертобеи вазорат дар ҳашарҳои дастаҷамъона фаъолона иштирок намуда, саҳми худро гузоштанд.

Ҳуҷҷатгузорӣ ва қабули шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Вазорати кишоварзӣ 5217 адад мактуб, қонун, қарор, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд, ки аз он 1164 ададаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз рўи супориш ҳамаи ҳуҷҷатҳо зери назорат гирифта шуда дар мўҳлатҳои муайянгардида ҷавоб омода шуда истодааст. Роҳбарияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ 69 нафар шаҳрвандонро қабул карда нисбати масъалаҳои рўзмараи онҳо ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд.

Вазифаҳое, ки то охири соли ҷорӣ анҷом дода мешавад ин андешидани тадбирҳои судманд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пахта, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистонгузаронии солҳои 2019-2020, сафарбар намудани техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ барои ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ, кишти зироатҳои барвақтӣ дар гармхонаҳои доимоамалкунанда, захираи тухмии хушсифат ва расонидани кўмакҳои амалию усулӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад.

Вазорати кишоварзӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда баҳри афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати таъминоти бештари аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳа аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти вазорат
телефон: 235-36-63

Илова кунед: