Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

САДА МУЖДАИ НАХУСТИ БАҲОР АСТ!

23.01.2023

       САДА МУЖДАИ НАХУСТИ БАҲОР АСТ!

 

       Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

     Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) - ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
           Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт.  

    

    Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:

    Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
    Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
    Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
    Сада номи он ҷашни фархунда кард.
    Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
    Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.


        Ниёгони мо афрӯхтани оташро омӯхта, барои нигоҳдории он мекӯшиданд. Сараввал нигоҳдории оташ андаруни ғорҳо ва дигар ҷойҳои мусоид маъмул гардида, сипас ин ҷойгоҳ ба оташкада табдил ёфт. Одатан, оташи муқаддасро атарбонҳо, яъне оташбонҳо андаруни оташкада нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, парастиши оташ ва бузургдошти он ба ҳукми анъана даромада, бунёди оташкадаҳо дар минтақаҳои гуногуни буду боши ориёитаборон роиҷ гардид, ки оташкадаҳои овозадори Навбаҳор дар Балх, Озарфарнбағ дар Кориёни Форс, Озармеҳрбарзин дар Реванди Хуросон, Озаргӯшнасп дар Шизи Озарбойҷон, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
        Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб - ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукӯҳу шаҳомоти хоса зимни афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан пешвоз мегирифтанд.

Беҳуда нест, ки яке аз шоирони тавоно Манучеҳрии Дамғонӣ чунин менависад:

     Инак, биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
    Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор.

       Фарорасии ин љашни ориёиро ба яко яки Шумо самимона табрик гуфта, бароятон тансињатї хушњолї ва пирўзї таманно дорам.

Ҷашни Сада муборак!

 

    Маркази матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


 

Илова кунед: