Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Қадршиносӣ. Супоридани мукофотҳои давлатӣ.

05.09.2022
Бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 02.09.2022 кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №417 аз 15.08.2022 таҳти №4391 бо медали “Хизмати шоиста” ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Барои супоридаи мукофотҳо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иштирок намуда, ҳозиринро ба муосибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карданд. Ҳамзамон мукофотгирандагонро таҳният гуфта, ба масъулини ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дарпешистода дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №417 аз 15.08.2022 таҳти №4391 бо медали “Хизмати шоиста” қадршиносӣ гардидаанд, аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба муовини ректор оид ба таълим, дотсент Бобозода Шариф, Сардори КВДЗ “Асали Тоҷикистон” Музаффар Ҳалимов, Сардори МД "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” Нусратулло Нозанинзода, муовини директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Муминов Ботир, Директори Институти масоили амнияти биологии АИКТ Камолиддин Маҳмудов, бо Ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати корҳо Аҳмадҷон Абдуллозода ва сардори Раёсати растанипарварӣ Фаррухиддин Набизода супорида шуд.

Илова кунед: