Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳайати Ҷумҳурии Беларус бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд

05.04.2021

Ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Беларус бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз санаи 5-ум то 8-уми апрели соли 2021 баргузор мегардад.

Санаи 05-уми апрел оғози ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” шурӯъ гардида, миёни Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Беларус Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссия ба имзо расонида мешавад.

Сипас, вохӯрии роҳбари ҳайаи Ҷумҳурии Беларус бо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назар аст.

Бо мақсади шиносоӣ аз таърихи ниёгон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Беларус  боздид аз МД “Осорхонаи миллии Тоҷикистон”, Боғи парчам ва Кохи Наврӯз менамоянд.

Санаи  6-уми апрел ҳайати расмии Ҷумҳурии Беларус дар маросими ифтитоҳи расмии ҳамоиши доираи соҳибкорони Тоҷикистону Беларус  дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии Душанбе иштирок менамоянд.

Дар қисмати дуюми рӯз сафар ба шаҳри Ҳисор ва боздиди ҳайат аз фаъолияти ҶСШП “Агротехсервис” ва боздид аз ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” ба нақша гирифта шудааст.

Санаи 7-уми апрел иштироки роҳбарони ҳайати расмӣ дар маросими ифтитоҳи расмии ҳамоиши соҳибкории сеҷонибаи Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии Душанбе доир мегардад.

Пас аз ҳамоиши сафари роҳбарони ҳайати расмӣ ба вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ сурат мегирад.

Санаи 8-уми апрел вохӯрии роҳбари ҳайаи Ҷумҳурии Беларус бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифташудааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамос: 235 38 63

Илова кунед: