Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласа Вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳолати таъмини озуқаворӣ (онлайн)

16.07.2021

Бо мақсади пешбурди ташаббусҳои кишвар дар соҳаи кишоварзӣ дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай санаи 16.07.2021 таҳти роҳбарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории доимамалкунандаи коршиносон оид ба масъалаҳои кишоварзии созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Дар доираи чорабинии мазкурдар баробари масъалаҳои тадорукотии ҷаласа Вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳолати таъмини озуқаворӣ дар кишварҳои узв дар давраи ҳамагирии пандемияи COBID-19 муҳокима гардида, давлатҳои узв аъзо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҷаласаи 6-уми Вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои СҲШ, ки дар нимаи дуюми моҳи августи соли 2021 дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шудааст, “Баёнияи муштараки Сарои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти озуқаворӣ”, нақшаи дар амал тадбиқ намудани ёддошти тафоҳум миёни мамлакати ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бар зидди  касалиҳои сарҳадгузар ва лоиҳаи Консепсияи бунёди маркази намоишии СҲШ оид ба табодули омӯзиши технологияи аграрӣ қабул ва минбаъд ҳамкорӣ менамоянд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: