5 апрели соли 2021 дар МД «Китобхонаи милии Тоҷикстон” ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир гардид.
Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оғоз гардида, сипас, ҳайати Комиссияи байниҳукуматӣ аз ҷониби Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Роҳбари ҳайати Комиссия дар ҷаласаи 14-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус аз ҷониби Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Крупко Иван Иванович ва дигар намояндагон аз Ҷумҳурии Беларус муаррифӣ гардиданд.
Масъалаҳои баррасишаванда дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар самтҳои иқтисод, маориф ва илм, тандурустӣ ва фармасевтӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои муҳими байниҳукуматӣ доир шуд, ки ҷонибҳо барои татбиқи он изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маросими баимзорасонии ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз ҷониби ҳамраисии роҳбарони ҳайатҳои Комиссия аз ҷониби Тоҷикистон-Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. ва аз ҷониби Ҷумҳурии Беларус - Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Крупко И. И. ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мегардем, ки ҳайати Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз санаи 5 –ум то 8-уми апрели соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон 235-38-63