Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ дар соли 2021 доир гардид!

10.01.2022

       Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 санаи 10. 01.2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор гардид.

       Дар ҷаласаи мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Сабурзода М.А., Раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатӣ     Сафаров М.С., муовини якуми вазир Каримзода С.Ғ., муовинони вазир, Президенти АИКТ Асозода Н.М., Ректори ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода У.М., сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзӣ, сардорони ташкилотҳои зертобеъ, директорони институтҳои АИКТ ва сардорони сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

        Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода С.Р. ҷаласаро кушода, суханро ба муовини вазир Нигина Анварӣ барои ироаи маърузаи ҳисоботӣ “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” супориданд.

         Аз маърӯза маълум гардид, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва вохӯриҳо бо олимон ва аҳли эҷод, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бар меоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

         Сипас, гузоришҳои мухтасар оид ба фаъолияти солона аз ҷониби ташкилотҳои зертобеи вазорат шунида шуда, оид ба масъалаҳои ҷорие, ки дар ин давра ҳалли худро наёфтанд, муҳокима ва масъалагузорӣ карда шуд.

         Инчунин ҳисоботи солонаи соҳаи чорводорӣ аз ҷониби муовини вазир Мирзозода М.Б. шунида шуд.

         Дар интиҳои кори ҷаласа Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Сабурзода М.А. баромад намуда, таъкид сохтанд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарору лоиҳаҳое, ки ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст, масъулияти баланд нишон дода, пайи иҷро намудани онҳо тамоми тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

         Ҳамин тариқ, ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., хотима бахшида, ба масъулини соҳа барои иҷрои вазифаҳои соли 2022 саъю талоши беандоза равона сохтанро талқин намуданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тамос : 2-35-38-63

Илова кунед: