Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи ҷамъбастии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз»-и Вазорати кишоварзӣ доир гардид

19.01.2021
Санаи 19.01.2021 дар толори васеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи умумии ташкилотҳо барои ҷамъбасти соли 2020 дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз»-и Вазорати кишоварзӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъди Ғафор доир гардид, ки дар он намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» иштирок намуданд.
Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» Қодиров А.Б. дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» - и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дода, оид ба корҳои анҷом додашуда дар соли 2020 муҳокимарони шуд.
Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар навбати худ баромад намуда, оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» андешарони намуданд.
Зимнан, нақшаи кории Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.
Дар фарҷом ба якчанд нафар кормандони ҷавоне, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, Шаҳодатнома супорида шуд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед: