Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи дуюми Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидимиологӣ

13.06.2020

Санаи 12 июни соли 2020 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи дуюми Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидимиологӣ бо иштироки  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д.Қ, аъзоёни Ситоди корӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳои соҳавӣ ва бахшҳои хусусӣ доир гардид.

Ифтитоҳи ҷаласа аз ҷониби Раиси ситоди корӣ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло оғоз гардида, ҷиҳати корҳои анҷомдодашуда дар доираи фаъолияти Ситоди корӣ гузориш дода шуд. Раиси ситоди корӣ қайд намуданд, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар мувофиқа бо Хадамоти гумрук оид ба ҷараёни содироти маҳсулоти кишоварзӣ (ҳаҷм, намуди маҳсулот) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумот пешниҳод мегардад.

Тибқи маълумоти фаврии гумрукӣ дар соли ҷорӣ то ба ҳолати 8 июни соли 2020 аз қаламрави ҷумҳурӣ 69612 тонна маҳсулоти кишоварзӣ  бо арзиши гумрукии 10 220 969 доллари ИМА содирот шудааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аз рӯи ҳаҷм 7619 тонна ва аз рӯи  арзиши гумрукӣ 2 427 226 доллари ИМА зиёд мебошад.

Дар ин давра 53888 тонна пиёзи барвақтӣ, 6006 тонна меваи тару тоза ва 8714 тонна меваи хушк содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти пиёз 7889 тонна ва меваи хушк 224 тонна зиёд мебошад.

Дар идомаи гузориш Раиси ситоди корӣ оид ба дигар паҳлуҳои корҳои анҷом дода шуда ва нақшаҳои дар пеш истода иттилоъ доданд.

Сипас, гузоришҳои мухтасар оид ба ҳаҷми истеҳсол ва имкониятҳои содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ, тадбирҳои андешидашуда ва аҳдномаҳои басташуда аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, мушкилот ва пешниҳоди мушаххас вобаста ба зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ,  тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ташкил намудани раванди содирот, ҳолати таъмин бо воситаҳои ҳамлу нақл ва мавҷудияти воситаҳои нақлиёти махсус барои ташкили беталафи содироти саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ, мувофиқаҳои бадастомада бо давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ оид ба талаботи фитосанитарию эпидимиолгӣ ва тартиби барасмиятдарории гумрукӣ дар давраи пандемияи Covid – 19, бахшҳои хусусӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар раванди содирот шунида шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ таъкид сохтанд, ки Ситоди корӣ барои иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшида ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот бо мақсади бамаротиб зиёд карди ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа, масъулияти баланд дошта, иҷрои онро муташаккилона бояд таъмин намояд.

Масъалаҳои баррасиро муҳокима карда ба иштирокчиёни Ситоди корӣ ҷиҳати пешниҳоди масъалаҳо ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта барои қабули қарори Ситоди корӣ оид ба тадбирҳои минбаъда вазифадор намуданд.

 

 

Илова кунед: