Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 доир гардид

14.01.2021
Санаи 15.01.2021 натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъдаи кормандони соҳа бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИПҶТ Сабурзода М.А., Раиси Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров М.С., Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Асозода Н., Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Ш., роҳбарони ташкилотҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ, сарраёсат,раёсат, шуъба ва бахшҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва намояндагони дигар вазорату кумитаҳои дахлдор, баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа ҳамаи самтҳои фаъолияти кишоварзӣ дар соли 2020 натиҷагирӣ карда шуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва вазиҳои минбаъда бо масъулини соҳа муҳокимарони карда шуд.
Таъкид гардид, ки кишоварзони мамлакат дар самти растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводрӣ ва дигар ҷабҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, саҳми хешро дар татбиқи пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ гузоранд.
Сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зимни ҳисоб аз натиҷаи фаъолият дар давоми соли 2020 таҳлил гардида, ҷиҳати расида ба ҳадафҳои дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаҳои иловагӣ гирифтаанд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазифагузории фаъолияти дар самти кишоварзӣ ба масъулини соҳа барои соли 2021 бо қарори ҳайати мушовара ба Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда хотима бахшиданд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед: