Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи якуми Лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассусти равиши SHEP

16.06.2022

            Санаи 16 июни соли 2022 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Кумитаи ҳамоҳангсозии муштараки Лоиҳаи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассусти равиши SHEP бо намояндагон ва гуруҳи кории Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) баргузор гардид.

            Ҷаласаро муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

            Дар кори ҷаласа шарҳи нақшаи лоиҳа, стратегияи лоиҳа ва сохти татбиқ, омӯзиши аввалин, фаъолияти пилотӣ, омӯзиши тренерҳо ва омӯзиши кишвари сеюм мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

            Мавриди зикр аст, ки вазифа ва ҳадафи лоиҳа ин ба таври васеъ пешниҳод кардани хизматрасониҳои таълимӣ дар асоси равиши Tajik-SHEP ба хоҷагиҳои деҳқонии хурд барои пешбурди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда ва муносибати равиши Tajik-SHEP барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳқонон таҳия гардидааст.

            Давомнокии лоиҳаи мазкур аз соли 2022 то соли 2026 дар бар гирифта, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон татбиқ карда мешавад.

 Шуъбаи матбуот ва иттилооти ВКҶТ

Илова кунед: