Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ ДОИР ГАРДИД

16.11.2020
Санаи 16.11.2020 дар толори маҷлисии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он кулли кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷамъомад Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С. Р. ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо кулли кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуда дар зарфи 29 сол ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқу Ватан хизмат намудаистодааст.
Ӯ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Сипас, аз ҷониби Шуъбаи матбуот ва иттилоот филми мустанад оид ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки аҳли ҷамъомад аз он дидан намуданд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ

Илова кунед: