Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР ҶУМҲУРӢ

28.09.2020

Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.09.2020 чунин маълум аст, ки  аз майдони 186155 га, аз аввали мавсим 134724 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 30,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла,  дар вилояти Хатлон аз майдони кишти 124175 га аз аввали мавсим 109674 тонна (39,4 фоиз) ва дар вилояти Суғд аз 58177 га майдони кишт аз аввали мавсим 25050 тонна (19,3 фоиз)  пахта  ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ёдовар мегардем, ки пахта аз растании бисёрсолаи дар шароити кишоварзӣ яксола кардашуда мебошад, ки онро барои нахаш парвариш мекунанд. Аз нах, чигит, курак, реша, поя, барги пахта таёр карда мешавад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур оид ба навъ ва агротехникаи кишт ва истеҳсоли пахта дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон корбарӣ намудаистодаанд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзӣ

Илова кунед: