Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

16.09.2020

Ҷамъоварии ҳосили пахта тибқи маълумоти фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дошта, то санаи 16.09.2020 аз аввали мавсим дар вилоят зиёда аз 71799 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 25,8 фоизи иҷрои дурнамои пешбинигардида баробар мебошад.

Мувофиқи маълумотҳо шаҳрҳои Левакант аз 1084 га майдони кишти пахта аз аввали мавсим 1200 тонна, Бохтар аз 273 га майдони кишт 235 тонна, Кӯлоб аз 3074 га майдони кишт 1170 тонна, ноҳияҳои Фархор аз 9674 га майдони кишт 8356 тонна, Н.Хусрав аз 3224 га майдони кишт 2503 тонна, Данғара аз 4587 га майдони кишт 2950 тонна, Шаҳритус аз 5380 га майдони кишт 4025 тонна, М.С.А.Ҳамадонӣ аз 5874 га майдони кишт 3990 тонна, Дӯстӣ аз 7574 га майдони кишт 4712 тонна, Қубодиён аз 7574 га майдони кишт 4341 тонна, Кушониён аз 11300 га майдони кишт 6165 тонна, Ҷайҳун аз 7424 га майдони кишт 3883 тонна, Ёвон  аз 11028 га майдони кишт 5620 тонна, Хуросон аз 4374 га майдони кишт 2230 тонна, Ҷ.Балхӣ аз 9874 га майдони кишт 4835 тонна, Восеъ аз 7535 га майдони кишт 3520 тонна, Вахш аз 9574 га майдони кишт 4050 тонна ва А.Ҷомӣ аз 8074 га майдони кишт 3282 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Ёдовар мегардем, ки дар соли 2020 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ 421 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст. Рафти ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ бо маром идома дорад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тамос: 2353863

Илова кунед: