Ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ (10.10.2020)

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.10.2020 аз майдони кишти 186156 гектар, дар як рӯз 4684 ва аз аввали мавсим 238657 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки фоизи нақшаи он дар як рўз 1,1 ва аз аввали мавсим 56,7 - ро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 10.10.2020 аз майдони кишти 124175 гектар аз аввали мавсим 172394 тонна, 62,0 фоиз, вилояти Суғд аз 58906 гектар майдони кишт аз аввали мавсим 63147 тонна пахта, ки 48,8 фоиз ва НТҶ аз 3075 гектар майдони кишт аз аввали мавсим 3116 тонна пахта, ки 48,3 фоизро ташкил медиҳад ҷамъоварӣ карда шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттиллоот