Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҶОНИБДОРӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

04.05.2020

Ҳайати кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 50- фоизи маоши якмоҳаи худро ҳамчун дастгирӣ ба суратҳисоби фонди маблағгузории пешгирӣ аз вируси сироятии  Covid- 19 мегузаронанд.

Илова ба он роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки дар ин давраи ҳассос дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Илова кунед: