Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲОСИЛИ ҒАЛЛА

27.09.2020

Гандум яке аз зироатҳои асосӣ ва муҳими озуқаворӣ буда, давомнокии давраи нашъунамои он вобаста ба навъ, мӯҳлати кишт ва агротехникаи парвариш 180-240 рӯзро дар бар мегирад.

         Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ мувофиқи  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 25.09.2020 кишоварзон дар майдони 300304 га кишти ғалладонагиҳо гузаронида, аз он 278809 гектарро даравиданд, ки он 93 фоизи иҷроишро ташкил дода, майдони 277353  га куфта шудааст, ки   ҳосили умумии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41373 га зиёд мебошад.

         Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 808749 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41373 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як га 29,2 сентнерро ташкил медиҳад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзӣ

Илова кунед: