Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲОСИЛИ ҒАЛЛА ДАР ҶУМҲУРӢ

19.06.2020

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла   мувофиқи ахбороти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 12.06.2020с.  майдони кишт 280743 га ба қайд гирифта шудааст, ки  аз он 49189 га даравида шуд.

Ҳосили умумии ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо дар соли 2020 176711 тоннаро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2019  49535 тонна зиёд мебошад.

Аз он ҷумла, дар ВМКБ майдони кишт 3753 га, вилояти Суғд 98847 га, ба қайд гирифта шуд ва аз он 8006 га даравида шуд, вилояти  Хатлон 131590 га ба қайд гирнифта шуд ва аз он 39089 га даравида шуд, Н.Т.Ҷ. 46553 га ба қайд гирифта шуд ва аз он 2049 га ғалла ҷамъоварӣ карда шуд.

Илова кунед: