Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

09.02.2021 НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

08.02.2021
Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.12.2018, №26/10-179, оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 оид ба «Натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2020» санаи 09.02.2021  соати 15:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба Ш.Шоҳтемур нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ доир мегардад. Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки иштирок намоянд. Телефон барои тамос 235 38 63
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Илова кунед: