31 -уми январ Ҷашни "Сада" баргузор мегардад!

Бо мақсади таъмини иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, санаи 31.01.2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе "Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор мегардад.Тибқи Нақша - чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷашни "Сада" намоши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ, афрухтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ,қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дарназар аст.Шуъбаи матбуот ва иттилоотиВазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон