Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

АҲАМИЯТИ ПАЁМ ДАР РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

03.02.2021

Қабл аз ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ, ҳангоми суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро дар ҳафт соли охир ба риштаи таҳлил кашида, чунин баён доштанд  “..., ба кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдорӣ баён менамоям”.

Ташабусҳои Пешвои муаззами миллат дар бобати пешбурди соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркарди маҳсулот, ҷиҳати аз бӯҳрони амиқ баровардани он ва коҳиш додани сатҳи камбизоати дар мамлакат, ба хусус ба талаботи замону муносибатҳои бозоргонӣ мутобиқ сохтани замин мунтазам тадбирҳо андешида, марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ аҳамияти махсус дода мешавад, зеро яке аз ҳадафҳои стратегӣ ин таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат мебошад.
Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли 2021 самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурриро ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла дар самти кишоварзӣ хотирасон гардиданд, ки дар соли 2020 бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд. Ин тадбирҳо дар пайомадҳои пандемияи Covid-19, ки ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ таъсири  худро расонидаанд,роҳандози гардидаанд.
Иқтисодиёти кишварро дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта иброз намуданд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овардааст.Ин нишондоиҳадаҳо дар ҳоле аст ,ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон дар давраи авҷи бемориии сироятии коронавирус Covid-19 аз истеҳсолот боз мондабуданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.
Вобаста ба ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, вазифадор гардиданд, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд.
Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод шуд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.
Ин тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур, роҳнамо барои ҳар як кишоварз, ҳар як оилае аст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шуғл доранд.
Аз ин лиҳоз, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки саҳми хешро дар тадбиқи сиёсати ягонад дар соҳаи кишоварзӣ гузошта, пеш аз ҳама барои худ таъмини зиндагии шоиста намоянд.
 Возможно, это изображение (1 человек)
Кароматулло Саидов
Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: