Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

АХБОРИ КИШОВАРЗИ

25.08.2019


Соҳаи муҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад,
ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз рушди он вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварӣ шурўъ аз моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аниқтараш дар вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, он муташаккилона идома дорад. Соли ҷорӣ кишоварзони мамлакат дар майдони 185670 га кишти пахта гузарониданд, ки то санаи 23.08.2019 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 2864 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 1,0%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар ин маъракаи муҳим 27802 нафар чинакчиён ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул мебошанд.

Ҷамъоварии оммавии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ асосан дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Фархор, Н.Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун, Қумсангир, Ҷ.Балхӣ, Хуросон, Восеъ, Дўстӣ, Кушониён, А.Ҷомӣ, Ёвон, Данғара ва Ҳамадонӣ оғоз гардидааст. Айни замон дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ омодагиҳо баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта идома дорад.

Ҷамъоварии ҳосили ғалла босуръат идома дорад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрўзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 291510 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 23.08.2019 майдони 256042 гектарро даравида, майдони 245118 га куфта шудааст, ки 88 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳосили умумии ҷамъовардашуда, 733233 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94811 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, 1105 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 97 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Нақшаи кишти такрории зироатҳои
кишоварзӣ 105,3% иҷро гардид

Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани фасли тобистон самаранок истифада бурда, иҷроиши дурнамои кишти такрориро ба 105,3% расониданд, ки барои фаровон гардидани маҳсулотҳои кишоварзӣ як заминаи хуб мебошад. Дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, ки 82016 гектарро ташкил медиҳад, кишоварзон тавонистанд то санаи 23.08.2019 дар ҷумҳурӣ, майдони 86326 га кишти такрории зироатҳои кишоварзиро гузаронанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6062 га зиёд мебошад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 32610 гектарро ташкил медиҳад, аз он 12788 га кишти ҷуворимакка барои дон, 8540 га кишти шолӣ ва 11283 га дигар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. Инчунин, дар майдони 164,5 га кишти картошка, 10506 га кишти сабзавот, 4165 га кишти полизиҳо, 2423,5 га кишти зироатҳои техникӣ ва 36456,5 га кишти зироатҳои хўроки чорво ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 33659 га кишти картошка гузаронида шудааст. То санаи 23.08.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 12311 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 230316 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11213 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, дар вилояти Хатлон аз майдони 6455 га 112154 тонна, дар вилояти Суғд аз майдони 3301 га 60997 тонна, дар ВМКБ аз майдони 60 га 934 тонна ва дар НТҶ аз майдони 2495 га 56231 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11213 тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрўзҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гардад. То санаи 23.08.2019 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 26188 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 729222 тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 278,5 сентнерро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавотҳо, ки 729222 тоннаро ташкил медиҳад: 366796 тонна пиёз, 31676 тонна карам, 126202 тонна помидор, 65789 тонна бодиринг, 71547 тонна сабзӣ ва 67212 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ намуда, пешкаши харидорон гардониданд.

Истеҳсоли меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 23.08.2019 ба миқдори 155483 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24933 тонна зиёд мебошад. То имрўз ҷамъоварии мева дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, тавонистанд кишоварзони вилояти Суғд 83261 тонна, вилояти Хатлон 56580 тонна, ВМКБ 567 тонна ва НТҶ 15075 тонна саривақт ва беталаф мева ҷамъоварӣ намоянд.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ангурро низ вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 23.08.2019 дар ҷумҳурӣ 11942 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шуд.

Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд 

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 18620 га кишти полизиҳо гузаронида шуд, ки то санаи 23.08.2019 майдони 14103 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1234 га майдони кишти он зиёд карда шудааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 333273 тонна полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27177 тонна зиёд мебошад. Ҳоло зироатҳои полизӣ дар саҳро хуб нашъунамо дошта, ҳосилнокии ҳама намуди полизиҳо фаровон аст. Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз ҳар як га 236,3 сентнериро ҳосил ба даст оварда истодаанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ.
тел: 235-39-23, 235-38-63 Сомона: www.moa.tj

Илова кунед: