Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз як бех дарахти 3-4 солаи хурмо то 50 кг мева гирифтан мумкин аст!

11.02.2021
Сайдалӣ Гулов- Профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, доктори илмҳои биологӣ, узви вобастаи Академияи Миллии Тоҷикистон доир ба пайдоиш ва хусусиятҳои хурмо бо намояндаи Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ мусоҳиба анҷом дод.
 
Меваи хурмо дар Тоҷикистон аз куҷо манша мегирад?
 
Парвариши хурмо дар қаламрави Осиёи Марказӣ таърихи чандон дуру дароз надорад. Онро аввалин бор ибтидои асри ХХ баъзе боғдорони ҳаваскор аз соҳили Баҳри сиёҳи Қафқоз ба водиҳои Тошканду Самарқанд овардаанд. Ба омўзиши пурраи хурмо ва дар Осиёи Марказӣ ба роҳ мондани парвариши он солҳои 1937 – 1939 баъди ташкил шудани пажуҳишгоҳҳову стансияҳои таҷрибавӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз бинмуданд. Дарахти хурмо серҳосил буда, бехи 7 – 10 солаи он аз ҳар га 150-250 сентнер ҳосил медиҳад. Аз як бех дарахти 3-4 солаи он то 50 кг мева гирифтан мумкин аст.
 
Чӣ хусусияиҳои шифоӣ дорад?
 
Дар таркиби меваи пухтаи хурмо то 22% қанд мавҷуд буда, он ҷавҳари кам (0,1%) дорад. Дар таркиби меваи хурмо 1,16 – 1,61% протеин, 0,31 – 085% равған, 0,61 – 0,72% хокистар, 0,93 – 2,90% клетчатка мавҷуд аст. Қанди хурмо асосан глюкоза ва фруктоза мебошад. Меваи норасидаи хурмо дорои витамини С аст. Дар таркиби меваи норасида таннидҳо бисёранд, бинобар ин вай тақир (тумч) аст. Хурмо холестерин надорад. Онро метавон чун ғизои парҳезӣ ба маризон таъйин кард.
Духтурон бинобар дар таркиби хурмо зиёд будани миқдори калий истеъмоли онро барои ашхоси гирифотри амрози дилу рагҳо тавсия медиҳанд. Дар мавриди нуқси дил рутаб фаъолияти онро ба низом дароварда чун давои нерубахш таъсир мерасонад, қувваю тавони одамонеро, ки бемории тӯлониро аз сар гузарондаанд, барқарор месозад.
Возможно, это изображение (1 человек и костюм)
 
Дар бораи хусусиятҳои биологӣ ва тарзи рӯёнидани ниҳоли хурмо шарҳ медодед?
 
Хурмо рустании гармидўст ва обталаб мебошад. Моҳи март нашв намуда, нимаи дуввуми моҳи май шукуфтани гулҳо фаро мерасанд.
Гулҳои наринаи хурмо нисбат ба гулҳои модина 2-3 рўз пештар мешукуфта сабзиши дуввум ниммаи дуюми моҳи июн фаро мерасад.
Дар Тоҷикистон ба сифати пайвандтаки хурмо наврустаҳои чилванг (челон) – ро кор мефармоянд. Барои рӯёнидани ниҳоли стандартии хурмо ду сол лозим аст.
Тухми чилвангро айёми пурра пухта расидани ҳосилаш мегиранд ва онро дар об шуста сипас мехушконанд. Охирҳои моҳи январ – аввалҳои моҳи феврал тухмиро стратификатсия мекунанд.
Қабл аз кишти тухмӣ ба замин тирамоҳ 20 – 30 т/га пору ва 90 кг/га фосфор андохта ба чуқурии 30 35 см шудгор менамоянд.
Баъди ду – чорбарга шудан, наврустаҳоро ягона карда, алафҳои бегонаро маҳв мекунанд. Аз ҳар га 80 – 85 ҳазор пайвандтак гирифта мешавад.
Хурморо соле ду бор пайванд кардан мумкин: баҳорон аз муғҷаҳои шукуфта ва тобистон аз кӯрмуғҷаҳо.
Пайванди баҳорӣ моҳи апрел гузаронида мешавад. Қаламчаҳоро моҳи феврал – аввали март (ҳаво хунук набошад) тайёр карда мемонанд. То фаро расидани мўҳлати пайванд қаламчаҳоро дар рег ё аррамайдаи нам дар ҳарорати 3 – 50С нигоҳ доштан лозим (беҳтар аст, ки онҳо дар яхдон нигоҳ дошта шаванд). Барои нахушкидан ба ҷои буридашудаи қаламчаҳо парафин молидан даркор.
Тобистон қаламчаҳоро ҳангоми пайвандкунӣ бурида мегиранд. Барои пайванд навдаҳои солими ҳамонсоларо бояд гирифт (диаметрашон 5 – 8 мм бошад).
Баъди пайванд ба замин об мемонанд. Пас аз сабзидани муғҷа бандинаи полиэтилениро буридан даркор.
Муғҷаҳои пайвандии баҳорӣ бисёр суст, баъзан дар тўли 4 – 6 ҳафта месабзанд. Барои зудтар нашъунамо кардани онҳо пас аз 12 – 14 рӯзи пайванд танаи пайвандтакҳоро мешикананд.
Дар давраи нашв хоки байни қатори ниҳолҳои пайвандшударо нарм карда, об ва ғизои иловагӣ додан зарур мебошад.
Ниҳолҳоро тирамоҳ решакоб карда то фаро расидани мўҳлати шинондан дар хандақҳо (чуқуриашон 50 – 60 см, барашон 1,5 м) то нисф зери хок карда мемонанд.
Хурмо дар сурати мавҷуд будани шароити мувофиқ дар ҳар гуна хок месабзад. Вале барои он гилхоки ҳосилхез ва обҳои зеризаминиаш чуқур бештар мусоид аст. Хурмозорҳоро дар ҷойҳои шамолпаноҳ бунёд кардан лозим аст. Заминро қаблан шудгор (то 30 – 70 см) карда, ба ҳар га 20 – 30 т пору, 300 – 400 кг фосфор ва 100 – 150 кг калий меандозанд. Дар қитъаҳои шамолроҳа бояд ҳатман бешазори муҳофиз бунёд кард.
Дар бораи тавсифи навъҳои хурмое, ки ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқанд чӣ гуфтан мумкин аст?
Гошогаки. Навъи японист. Дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор мепарваранд. Навъи сармобардор аст. Дарахташ қадпаст, шохсораш аҳромшакл. Баргаш байзашакл, ғафс. Мевааш норанҷии баланд, пӯсташ ғафс, сахт. Гушти меваи тухмдораш бӯрранг, бетухмаш зарди рӯшан, сероб, гуворо. Меваи тухмдорашро то пурра пӯхта расидан хӯрдан мумкин аст. Аз ҳар га то 230 сентнер ҳосил медиҳад. Дар таркиби мевааш 19,30% қанд, 37,2 мг% витамини С, 0,65% моддаҳои дибоғат мавҷуд аст.
Зенҷимару (Шоколадӣ). Навъи японист. Аз соли 1964 дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор мепарваранд. Дарахташ қадпаст, шохсораш мудаввар. Баргаш байзашакл, дарозиаш 8см, бараш 7см. гули дигар навъҳоро гардолуд мекунад, вале худаш низ ба гардолудшавӣ эҳтиёҷ дорад.
Хиакуми (Королек). Навъи японист. Аз соли 1964 дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор мепарваранд. Дарахташ қадбаланд, сершоху барги курашакл. Баргаш паҳн, бараш 8см. дарозиаш 13 см.
 
Ташаккур барои мусоҳиба!
 
Зокирова М - сармутахассиси Шуъбаи
матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: